Пайвандҳои дастрасӣ

Фаъолони ҷонибдори Русия, ки дар шарқи Украина бинои идории вилояти Донетскро ба тасарруфи худ даровардаанд, ин вилоятро ба истилоҳ “Ҷумҳурии мардумии Донетск” эълон карданд. Онҳо ҳамчунин аз Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия хостанд, ки ба ин “ҷумҳурии ҷадид” муваққатан нируҳои маҳдуди ҳомии сулҳи Русияро фиристад.

Фаъолон баъд аз тасарруфи бино ба берун омаданд ва ба чанд ҳазор нафаре, ки дар майдон дар назди бино гирдиҳам омада буданд, тасмими худро эълон карданд. Онҳо ҳамчунин гуфтанд, ки дар бораи сарнавишти ояндаи ин минтақа то 11 май райпурсӣ анҷом хоҳад гирифт.

Субҳи рӯзи душанбе Арсений Ятсенюк-нахуствазири Украина Русияро муттаҳам кард, ки дар паси тасарруфи биноҳои идории минтақаҳои шарқи Украина қарор дорад.
XS
SM
MD
LG