Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз Украина 11,4 миллиард доллар тақозо кард


Алексей Миллер
Алексей Миллер
Ширкати “Газпром”-и Русия мегӯяд, ки Украина бояд 11,4 миллиард доллар пуле, ки аз ҳисоби фурӯши арзони газ ба Украина ҷамъ шуда буд, ба Русия пардохт кунад. Фурӯши арзон бар асоси қарордоди ҷонибҳо сурат гирифтааст.

Алексей Миллер-раиси ширкати “Газпром” гуфт, бар асоси қарордоди соли 2009, ки дар Харков ба имзо расида буд, Украина 4 сол ҳақ дошт, ки бо нархи арзон газ бигирад. Миллер гуфт, ин нархи арзон дар ивази истиқрори нируҳои дарёии Русия дар Симферопол дар баҳри Сиёҳ иртибот дошт, ки то соли 2017-ро дар бар мегирифт.

Ба гуфти Миллер, акнун бандари Симферопол ва умуман минтақаи Қрим дар ихтиёри Русия даромадааст ва Украина бояд фарқияти пешомадаи пешпардохти нархи газро ба Русия баргардонад.

Дар аввали ҳафтаи ҷорӣ Русия нархи газро аз 285,5 ба 485,5 доллар барои ҳар ҳазор метри муккааби он боло бурд.
XS
SM
MD
LG