Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушбинии Алиев ва Эрдуғон аз сохтмони лулаи газ


Озарбойҷону Туркия умедворанд, ки сохтмони лулаи нави газ аз Озарбойҷон тавассути Туркия ба Аврупо тибқи нақша то соли 2018 ба поён мерасад.

Дар ин бора дар як нишасти хабарии муштарак дар Боку Илҳом Алиев-раиси ҷумҳури Озарбойҷон ва Реҷеп Тайип Эрдуғон-нахуствазири Туркия сӯҳбат карданд.

Алиев гуфт, ки иҷрои ин тарҳ бо номи TANAP тибқи нақша идома дорад. Эрдуғон изҳор дошт, ки онҳо дар давоми чанд моҳи оянда ба иҷрои ин тарҳ оғоз хоҳанд кард.

Ба нақша гирифта шудааст, ки TANAP аз ҷоҳи нафти Шоҳ Дениз
2-и Озарбойҷон дар Дарёи Хазар 16 миллиард метри муккааб газ интиқол диҳад. Алиев ҳамчунин гуфт, ки Озарбойҷон ба нақша гирифтааст, ки дар давоми 7-8 соли оянда дар иқтисоди Туркия тақрибан 20 миллиард доллар сармоягузорӣ кунад ва он “бузургтарин сармоягузории Озарбойҷон дар хориҷ” хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG