Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси "Тухми кирмак" бо "Мовароуннаҳр" барои 2 бинои нотамом


Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон бар асоси даъвои "Заводи тухми кирмаки шаҳри Душанбе", ки мехоҳад ду бинои ҳаштошёнаи нотамомро, ки ба ширкати «Мовароунаҳр» тааллуқ доранд, ба тавозуни худ шомил кунад, мурофиа оғоз кардааст. Дафтари матбуоти Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон имрӯз бо тасдиқи ин хабар ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки мурофиаи додгоҳӣ аз рӯи даъвои ширкати «Мовароуннаҳр» ба зидди иддаои ширкати "Заводи тухми кирмаки шаҳри Душанбе", ки мехоҳад ду бинои ниматамом воқеъ дар ноҳияи Рӯдакиро ба тавозуни худ дарорад, идома дорад.

Заводи тухми кирмаки шаҳри Душанбе дар аризаи худ зикр кардааст, ки шартномаи якҷояи сохтмони муштараки биноҳои баландошёна, ки 30-уми июли соли 2007 байни ширкати «Мовароуннаҳр» ва ин корхона баста шудааст, бекор карда шавад, зеро бо назардошти мушкили молӣ «Моваруннаҳр» наметавонад аз ӯҳдаи сохтмони ин биноҳои ниматамом барояд. Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи ширкати "Моваруннаҳр" имрӯз ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки онҳо дар посух ба даъвои Корхонаи кирмакпарварӣ ариза навишта, собит кардаанд, ки иддаои ин корхона беасос мебошад, чун вазъи молии "Мовароуннаҳр" беҳбуд ёфтааст ва онҳо метавонанд ин сохтмонҳоро идома диҳанд.

Ду бинои нотамоми мавриди баҳс дар деҳаи Табачнийи ҷамоати деҳоти «40 солагии Тоҷикистон»-и ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ буда, бо ба ҳабс гирифта шудани амволи ширкати "Мовароуннаҳр", сохтмони онҳо қатъ карда шудааст. Масъулони ширкати «Мовароуннаҳр» мегӯянд, ки то замони ҳабси амволи ширкат, барои сохтмони ин ду бинои нотамом 40 миллион сомонӣ сарф кардаанд ва бо аз ҳабс раҳо шудани амвол ва иҷозаи фаъолият, метавонад пурра ин сохтмонҳоро ба поён расонанд.

Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, 20-уми майи соли 2013 бо ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе амволи ширкати "Мовароуннаҳр" аз ҳабс озод карда шуданд, ки аллакай қувваи қонунӣ гирифт ва акнун тамоми имконот барои азсаргирии сохтмонии биноҳои нотамом шуръ шудааст. Мушкилоти «Мовароуннаҳр», ки аз бузургтарин ширкатҳо дар риштаи хонасозии Тоҷикистон маҳсуб мешуд, соли 2010, дар пайи боздошт ва бо ҷурми қаллобӣ ба 13,5 соли зиндон маҳкум шудани раисаш Ҷӯрабек Охунов оғоз ёфт.
XS
SM
MD
LG