Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоиши эътирозӣ дар Анкара пароканда карда шуд


Полиси шаҳри Акқара, пойтахти Туркия рӯзи сешанбе, 1 апрел, ба хотири парокандасозии эътирозгароне, ки ҳукуматро дар тақаллуб дар интихоботи маҳалии рӯзи якшанбе айбдор мекунанд, аз мошинҳои обпош истифода бурд.

Эътирозҳо баъд аз он шурӯъ шуданд, ки Шӯрои олии интихоботии Туркия дар бораи пирӯзии ҳизби Адолат ва рушди нахуствазири Раҷаб Тайид Эрдуғон дар шаҳрҳои Анкара ва Истамбул хабар дод. Мухолифини ҳукумат бо ишора ба раъйҳои андаки номзади ҳизби мухолифи ҷумҳурӣ-мардумӣ дар интихоботи мири пойтахт мегӯянд, ки ҳукумат даст ба тақаллуби натиҷаҳои интихобот задааст.

Натоиҷи расмии интихоботи маҳаллӣ то ҳол интишор наёфтааст, аммо нашрияҳои маҳаллӣ навиштаанд, ки бо вуҷуди моҷароҳои марбут ба фасод ҳизби ҳукмрони Адолат ва рушд 44 дар сади раъйҳоро соҳиб шудааст.
XS
SM
MD
LG