Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон эътилофи нав ташкил шуд


Ҷиноҳҳои се ҳизби сиёсӣ дар порламони Қирғизистон эътилофи навро ташкил доданд. Намояндагон аз ҳизбҳои Сотсиал-Демократ, Ар-Намис ва Ата-Мекен ба тавофуқ расиданд, ки ба ин эътилофи нав “Барои таҳкими давлатдорӣ” ном ниҳанд.

Эътилофи нав пурра аъзои эътилофи пешинро иваз мекунад. Эътилофи пешин ду ҳафта пеш баъд аз хуруҷи ҳизби Ата-Мекен пароканда шуд. Чинибай Турсунбеков-намоянда аз ҳизби Сотсиал-Демократ гуфт, ки эътилофи нав ба таври расмӣ рӯзи сешанбе эълон хоҳад шуд.

Ҷоомарт Оторбаев-иҷрокунандаи мақоми нахуствазири кишвар изҳор дошт, ки вай ният надорад ҳукмати кунуниро тағир диҳад, агар нахуствазири нав интихоб шавад. Вай ҳафтаи пеш дар ин мақом муваққатан Ҷанторо Сотиболдиевро иваз кард.
Рӯзи чаҳоршанбе эътилофи нав нахуствазир ва аъзои нави кобинаро интихоб хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG