Пайвандҳои дастрасӣ

Хабаргузории "Ройтерз" аз қавли бархе аз дипломатҳо мегӯяд, ки пеш аз раъдиҳӣ дар Маҷмаи умумии СММ дар бораи ҳамапурсӣ дар Қрим, Русия шуморе аз кишварҳоро таҳдид кардааст, ки аз ин қатънома ҷонибдорӣ накунанд.

Шуморе аз дипломатҳо дар Созмони Милали Муттаҳид, ки аз бими вокуниши Маскав хостаанд номашон зикр нашавад, гуфтаанд, Русия кишварҳое ҳамчун Молдова, Тоҷикистон, Қирғизистон ва инчунин шуморе аз кишварҳои Аврупои шарқӣ ва Африқоро таҳдид кардааст, ки дар сурати раъйи мусбат додан ба ин қатънома, "подош"-и худро дарёфт хоҳанд кард.

Аз сӯи дигар, сухангӯи дафтари намояндагии Русия дар СММ гузоришҳо дар хусуси таҳдиди Русия алайҳи шуморе аз кишварҳоро барои мухолифат бо қатъномаи СММ радд карда ва гуфтааст, "ҳаргиз кишвареро таҳдид накардаем, фақат шароитро шарҳ додаем."

Ин дар ҳоле аст, ки дипломатҳо мегӯянд, ҷузиёти таҳдиди Русия ба "дарёфти подош" ва ё иқдомоти "талофиҷӯёна" алайҳи кишварҳо мушаххас набудааст. Онҳо мегӯянд, бо ин ҳол Русия ҳушдор дода буд, ки дар сурати ҳимоят аз қатънома, Маскав даст ба иқдомоте хоҳад зад, ки метавонад дарбаргирандаи иқдомот, аз ҷумла ихроҷи коргарони муҳоҷир аз Русия ё таваққуфи содироти газ бошад.

Тибқи ин гузориш, дар ҳоле таҳдидҳои Русия ба иқдом алайҳи шуморе аз кишварҳо мунташир шудааст, ки Маскав бештари кишварҳои ғарбиро барои фишорҳои "шармовар" аз тариқи таҳдидҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ барои водор кардани кишварҳои узви СММ ба ҳимоят аз ин қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид, муттаҳам карда буд.

Дар раъйдиҳии қатъномаи СММ дар рӯзи панҷшанбе, ки ҳамроҳ кардани нимҷазираи Қрим ба Русияро маҳкум мекард, Тоҷикистон ҳамроҳ бо чанд кишвари дигар аслан раъй надод. Ҳамроҳ бо Тоҷикистон, аз ҷумла Туркманистону Қирғизистон, Исроил ва як идда кишварҳои дигар дар овоздиҳӣ иштирок накарданд.

Гурҷистону Озарбойҷон ва Молдова амалкарди Русияро маҳкум карда ва ба тарафдории тамомияти арзии Украина раъй додаанд. Қазоқистону Узбакистон ва Афғонистон дар ин масъала бетарафӣ ихтиёр кардаанд. Дар маҷмӯъ 100 кишвар ба тарафдории қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милал дар мавриди беэътибор донистани раъйдиҳии умумӣ дар Қрим ва ҳамроҳ кардани он ба Русия овоз додаанд.

Ёздаҳ кишвар аз ҷумла Русия, Белорус ва Арманистон ба зидди қабули ин қатънома раъй додаанд. Дар маҷмӯъ 58 кишвар ба ин қатънома раъйи мумтанеъ додаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG