Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

IMF ва Киев дар бораи қарзи дусола ба тавофуқ расиданд


Сандуқи байнулмилалии пул ё IMF ва мақомоти Украина дар мавриди қарзи дусола ба Киев ба маблағи аз 14 то 18 миллиард доллар ба тавофуқ расиданд. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе, 27 март, намояндагии ин ниҳоди молиявӣ дар шаҳри Киев хабар дод. Қарор аст, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ тайи ду соли оянда дар маҷмӯъ 27 миллиард долларро дар ихтиёри ҳукумати Украина гузорад.

Тавофуқи ахиран ҳосилшуда бояд аз сӯи раҳбарияти Сандуқи байнулмилалии пул тасдиқ шавад. Қарор аст, ки Шӯрои мудирони IMF дар ин бора моҳи апрел тасмим гирад.
XS
SM
MD
LG