Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: ИМА ва Аврупо аз Русия баҳои аъмолашро талаб мекунанд


Барак Обама, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, рӯзи душанбе, 24 март, баъд аз мулоқот бо нахуствазири Ҳолланд Марк Рюте дар Амстердам ба хабарнигорон гуфт, ки "Аврупово Амрико дар пуштибонӣ аз ҳукумати Украина ва украиниҳо муттаҳиданд. Мо дар мавриди пардохти баҳо аз сӯи Русия барои аъмолаш муттаҳидем.

Сарвари ИМА ҳампаймонҳои Вошингтон дар Паймони НАТО-ро наздиктарин шарикони Амрико дар арсаи ҷаҳонӣ хонд ва ба ҷойгоҳи вижаи Аврупо дар робитаи кишвараш бо олам таъкид кард.

Барак Обама аз Амстредам ба Ҳейг ё Гаага меравад ва он ҷо дар нишасти сарони кишварҳои олам оид ба аманияти ҳастаӣ ширкат мекунад. Қарор аст, ки дар чаҳорчӯби ин нишаст мулоқоти сарони Ҷи-7 – Гурӯҳи иборат аз Амрико, Олмон, Бритониё, Канада, Фаронса, Ҷопон ва Италия баргузор шавад. Аз ин пеш Кохи Сафед хабар дода буд, ки сарони Ҷи-7 чораҳои минбаъда пас аз замима шудани Қрим ба Русияро баррасӣ мекунанд.

Дар нишаст оид ба амнияти ҳастаӣ ба ҳайати Русия вазири умури хориҷии кишвар Сергей Лавров раҳбарӣ мекунад. Қарор аст, ки ӯ дар Ҳейг бо ҳамтои амрикояш Ҷон Керрӣ мулоқот анҷом диҳад.
XS
SM
MD
LG