Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз хонаи вазири украинӣ 48 кило тилло ёфтанд


Муфаттишони украинӣ мегӯянд, аз хонаи Эдуард Ставитский, вазири собиқи энержии Украина, пулу тиллову ҷавоҳирот ва соатҳои гаронбаҳои зиёде пайдо кардаанд. Вазорати умури дохилии Украина рӯзи шанбе бо нашри баёнияе гуфт, аз хонаи вазири собиқ, ки аз Украина гурехтааст, 42 килограмм тилло ва чаҳор миллиону ҳаштсад ҳазор доллари нақд ва соатҳои гаронбаҳо пайдо карда гирифтанд. Эдуард Ставитский масъули музокирот дар бораи воридоти нафту газ аз Русия буд. Додситонҳои Украина рӯзи ҷумъа Евҳен Бакулин, раиси собиқи ширкати «Нафтогаз»-ро бо иттиҳоми дуздии 4 миллиард доллар дастгир карданд. Муфаттишони украинӣ тайи чанд рӯзи гузашта хонаҳои даҳҳо нафар аз мансабдорони собиқ дар ҳукумати Украинаро тафтиш карданд.
XS
SM
MD
LG