Пайвандҳои дастрасӣ

Асрори бемории кушанда дар Гвинея боз шуд


Мақомоти Гвинея мегӯянд, собит шудааст, ки бемории асроромезе, ки 59 нафарро кушт, эбола як бемории кушандаи сироятӣ будааст ва шояд аз Сйера Леоне ба он кишвар сироят кардааст. Дар ин бора ҳукумати Гвинея рӯзи шанбе хабар дод. Сирояти вируси эбола, ки 90 дар сади беморонро мекушад, аз 9 феврал то кунун дар се шаҳри ҷанубушарқӣ ва ҳамчунин дар пойтахт шаҳри Конакри сабт шудааст. Бемории эбола то ин замон ҳеҷ гоҳ дар Гвинея дида нашуда буд.
XS
SM
MD
LG