Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)-2014 гардид.

Дастаи “Истиқлол” дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи чоршанбеи 19-уми март дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, бар тими «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 2-0 ғалаба кард. Голҳоро Хуршед Маҳмудов ва Дилшод Восиев дар нимаи аввали бозӣ ба ҳадаф расонданд.

Дастаи “Истиқлол”, ки дар ин мусобиқа барои аввалин бор ғолиб омад, бо Ҷоми ФФТ ва медалҳои тилло мукофотонида шуд. Дастаи “Хайр” барои ҷойи дувум бо медалҳои нуқра ва тими “Хуҷанд”-и Хуҷанд барои ҷойи севум бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Бояд гуфт, ки барои ҷойи севум бояд “Хуҷанд” бо ҳайати дувуми “Равшан”-и Кӯлоб имрӯз, 19-уми март, пеш аз бозии ниҳоӣ дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии Душанбе бозӣ мекард, вале футболбозони ҷавони “Равшан” аз ин бозӣ даст кашиданд. Бинобар ин “Хуҷанд” бо ҳисоби техникии 3-0 ғолиб дониста шуд.

Бояд тазаккур дод, ки Ҷоми ФФТ барои севумин бор баргузор шуд. Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин барандаи ин Ҷом мебошад. Футболбозони Турсунзода соли 2012 дар бозии ниҳоӣ бар дастаи “Хайр” бо ҳисоби 1:0 пирӯз гаштанд. Соли гузашта бошад, дастаи «Хайр», ки дар бозии ниҳоӣ бар ССКА «Помир»-и Душанбе аз рӯи силсилаи пеналтӣ ғолиб омад, бо Ҷоми ФФТ мукофотонида шуд.

Ҷоми ФФТ-2014. Финал
«Истиқлол» - «Хайр» - 2:0
Голҳо: Хуршед Маҳмудов, 26 (1:0). Дилшод Восиев, 34 (2:0).
«Истиқлол (Душанбе): Алишер Тӯйчиев, Эраҷ Раҷабов, Сиёвуш Асроров, Глаубер Да Силва, Аҳтам Назаров, Ҷаҳонгир Эргашев (Комил Саидов, 78), Нуриддин Давронов, Дэвид Мауто, Фатҳулло Фатҳуллоев (Умедҷон Шарифов,90), Дилшод Восиев, Хуршед Маҳмудов (Виллер Соуза Оливейра, 59).
«Хайр» (Ваҳдат): Анатолий Старушенко, Идибек Ҳабибуллоев, Маҳмадлоиқ Нуриддинов, Менсаҳ Даниэл Абан, Баҳодур Шарифов, Маҳмадалӣ Содиқов, Амирбек Ҷӯрабоев, Бебей Кингли Поул, Алишер Улмасов, Ҳусейни Сӯҳробӣ (Айдох Наполеон, 60), Мӯҳсин Абдуғаффоров (Фурӯғ Қодиров, 83).
Огоҳонида шуданд: Сиёвуш Асроров, Эраҷ Раҷабов, Дэвид Мауто («Истиқлол»), Ҳусейни Сӯҳробӣ, Маҳмадлоиқ Нуриддинов («Хайр»).
Сардовар: Диловар Орзуев (Ҳисор).

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG