Пайвандҳои дастрасӣ

Русҳо кишвари худро "абарқудрат" мехонанд


Бахши умдаи шаҳрвандони Русия кишвари худро абарқудрат ва яке аз бозигарони аслии саҳнаи сиёсии ҷаҳон арзёбӣ мекардаанд. Ин натиҷаест, ки дар пайи як назарсанҷии “Левада”, як бунгоҳи мустақили афкори умум, дар таърихи аз 7-10 уми март дастрас шудааст. 63 дар сади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки кишвари онҳо дубора мақоми абарқудратиро дарёфт кардааст.

Ба иттилои маркази "Левада", 48 дар сад гуфтаанд, ки ҷаҳон бояд кишвари онҳоро ҳамчун давлати абарқудрат эҳтиром кунад, аммо 47 дар сади дигар зиндагӣ дар як кишвари дорои меъёрҳои баланди зиндагиро авлотар шумурдаанд.

Гурӯҳи дигари пурсидашудаҳо - ҳудудан 38 дар сад бо ишора ба таҳаввулоти Русия гуфтфаанд, ки кишвари онҳо ба самти демократия рушд мекунад, дар ҳоле, ки 15 дар сади дигар Русияро давлати истибдодӣ унвон карданд.

Авохири соли гузашта Маҷалаи “Таймс”- и Британия Раисҷумҳури Русия Владимир Путинро дар заминаи ба як кишвари калидии ҷаҳон табдил додани Русия “Чеҳраи сол” интихоб кард. Феълан аз баракати барномаи ба қаламрави Русия ҳамроҳ кардани Қрими Украина, ва фирӯзии назаргири варзишгарони Русия дар бозиҳои Олимпии Сочӣ, Путин ба баландтарин нуқтаи обрӯмандӣ расидааст, ки дар се соли дида намешуд.
XS
SM
MD
LG