Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози мавсими нави даъват ба артиш


Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14-уми март бо судури як фармон, даъват намудани шаҳрвандони солҳои таваллуди 1987-1996-ро барои хизмат дар сафҳои нерӯҳои мусаллаҳи кишвар эълон намуд. Бар пояи ин фармон, моҳҳои апрел-майи соли 2014 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли бузургтари кишвар, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи нерӯҳоии мусаллаҳи Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, қӯшунҳои дохилии вазорати корҳои дохилӣ, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мешаванд..
XS
SM
MD
LG