Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Русия сабабгори нооромӣ дар Қрим нест


Владимир Путин
Владимир Путин
Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия зимни суханони худ дар Сочӣ дар бозиҳои Паралимпик рӯзи панҷшанбе гуфт, Маскав барои бӯҳрони Қрим гунаҳгор нест. Вай дар мулоқот бо ҳайатҳои Паралимпик ба мақомоти расмӣ изҳори сипос кард, ки бозиҳои Паралимпики зимистониро аз сиёсат дур нигоҳ доштаанд. Мизбонии ин бозиҳоро Русия бар уҳда дорад ва он 16 март ба поён мерасад.

Путин аз Украина ном набурд вале гуфт, ки шумо ҳама дар бораи шароити мушкил хеле хуб хабар доред. Вай афзуд, “ман бояд изҳор намоям, ки Русия ташаббускори чунин шароит нест, ки мо ҳоло бо он рӯ ба рӯ шудаем”

Нируҳои Русия Қрими Украинаро ишғол кардаанд ва бояд дар ин нимҷазира рӯзи якшанбе барои пайвастан ба Русия райпурсӣ баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG