Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймои нопадидшударо дар ҷойи дигар меҷӯянд


Мақомоти Малайзия мегӯянд, ки ҷустуҷӯи ҳавопаймои нопадидшударо дар ҷануби баҳри Андамон, садҳо километр дуртар аз маҳалли пешини ҷустӯҷу шурӯъ карданд. Азҳаруддин Абдулраҳмон, мудири раёсати нақлиёти ҳавоии Малайзия рӯзи чаҳоршанбе дар ин бора хабар дод, вале сабаби тағйири маҳалли ҷустуҷӯро шарҳ надод. Баҳри Андамон дар болотар аз ҷазираи Суматра ва дуртар аз соҳилҳои ғарбии Таиланд воқеъ шудааст. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Малайзия барои баёнияҳои зиддунақиз дар бораи самти парвози ҳавопаймо зери танқид қарор гирифтаанд. Бино ба гузоришҳо, пеш аз қатъи иртибот бо маркази назорат, ҳавопаймо ҳангоми парвоз дар миёни Малайзия ва Ветнам аз ин маҳал баргаштааст. Ҳавопаймои Боинг 777-и ширкати Малайзия Айрлайнз, ки рӯзи шанбе бо 239 сарнишинаш аз Куала Лумпур ба Чин парвоз мекард, ба таври асроромезе нопадид шуд ва то кунун нишонае аз онро пайдо накардаанд.
XS
SM
MD
LG