Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Янукович мегӯяд, ки ба Киев бармегардад


Суханронии 11 март дар Ростови лаби Дон
Суханронии 11 март дар Ростови лаби Дон
Виктор Янукович-раиси ҷумҳури барканоршудаи Украина мегӯяд, ки вай ҳамоно раиси ҷумҳури ин кишвар ва фармондеҳи кулли нируҳои Украина мебошад. Вай гуфт, ҳар вақт, ки вазъи амниятӣ дар Украина беҳбуд ёфт, вай дубора ба Киев бармегардад. Вай гуфт, “ман мехоҳам бори дигар ба ҳама ёдоварӣ кунам, ки ман ягона раҳбари қонунии Украина ва фармондеҳи кулли нируҳои мусаллаҳ мебошам. Ман то анҷоми давраи раёсатам аз иҷрои вазифаҳои худ даст намекашам. Ман зиндаам. Ман аз мақоми худ бар асоси Қонуни Асосии Украиана барканор нашудаам”.

Янукович дар ин суханронии мухтасари худ дар шаҳри Ростови лаби Дон гуфт, ки ба бовари вай нируҳои мусаллаҳи Украина аз иҷрои “дастурҳои ҷинояткорона”-и Киев саркашӣ хоҳанд кард.

Ба гуфтаи Янукович, интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки барои моҳи май дар Украиана пешбинӣ шудааст, ғайриқонунӣ мебошад. Вай ҳукумати кунунии ин кишварро “хунтаи ғайриқонунӣ” номид.

Ба гуфтаи вай, Қрим барои фаъолиятҳои нодурусти ҳукумати ғайриқонунии Киев аз Украина ҷудо мешавад. Ин дуввумин суханронии Виктор Янукович баъд аз фирораш аз Украина мебошад. 28 феврал низ вай дар нахустин суханрониаш худро раҳбари қонунии Украина арзёбӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG