Пайвандҳои дастрасӣ

Бозии “Равшан”-и Кӯлоб бо "Сафо"-и Лубнон рӯзи 12-уми март дар варзишгоҳи «Металлург»-и Турсунзода баргузор мешавад.

Пеш аз бозии даври дувуми Ҷоми АФК-2014 дар гурӯҳи «А» миёни дастаҳои «Равшан» ва «Сафо» дар меҳмонхонаи «Ширкент»-и шаҳри Турсунзода нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Ба суолҳои хабарнигорон намояндагони ҳарду бошгоҳ посух доданд.


Тита ВАЛЕРИУ, сармураббии «Сафо»:

- Ман фикр намекунам, ки бозӣ муқобили «Равшан» барои мо ба осонӣ мегузарад. Мо навори бозии қаҳрамони Тоҷикистонро бо тими «Сувайқ»-и Умон тамошо кардем. Маълум мешавад, ки «Равшан» бозии хуб нишон медиҳад. Футболбозони тоҷик дар майдони худ, дар ҳузури мухлисонашон бозӣ мекунанд, ки ин барояшон муҳим аст. Як рӯз дертар баргузор шудани бозӣ ба мо имкон медиҳад, ки баъди парвози тӯлонӣ барқарор ва ба майдони бозӣ дар варзишгоҳи «Металлург», ки вазъаш беҳбудӣ мехоҳад, мутобиқ шавем.

Халил ВИСОМ, менеҷери «Сафо»:

- Дастаи мо соли гузашта дар Ҷоми АФК муваффақ нагашт. Бинобар ин сармураббии даста иваз шуд. Ба даста мутахассис аз Руминия Тита Валериу, ки соли 2010 ҳамроҳи тими «Ал-Иттиҳод»-и Сурия Ҷоми АФК-ро соҳиб шуд, раҳбарӣ мекунад. Вай, инчунин , сармураббии мунтахаби Сурия буд. Ман фикр мекунам, ки бозӣ бо «Равшан» хеле шавқовар хоҳад шуд. Дар ҳайати даста ҳоло ду легионер – Муҳаммад Тамер Ҳаҷ аз Сурия ва Ҷорҷ Тобаи аз Руминия ҳастанд.

Ҳамза САЛОМӢ, капитани «Сафо»:

- Мо ба рақиби худ эҳтиром дорем, вале мо ба ин ҷо танҳо барои ғалаба омадаем. Роҳ бисёр мураккаб буд, бинобар ин мекӯшем, ки ба хона бо дастони холӣ не, бо се имтиёз баргардем.

Ғайраталӣ МИРАҲМАДОВ, сармураббии «Равшан»:

- Мо омодагиро ба бозӣ бо «Сафо» 5-уми март шурӯъ кардем. Аз он хушҳолем, ки Абдусамад Ҳоҷибоев, ки дар бозӣ бо «Сувайқ» дар Умон иштирок надошт, дар ин бозӣ ширкат меварзад. Мо навори бозиҳои “Сафо”-ро дар мусобиқаи соли гузашта дар Ҷоми АФК бо «Регар-ТадАЗ» тамошо кардем. «Сафо» бозии шавқангезу муташаккил намоиш медиҳад. Бозӣ барои мо осон нест, вале мо дар хона бозӣ мекунем ва чунон ки мегӯянд «дар хона деворҳо низ кӯмак мекунанд.» Фикр мекунам, ки агар мо бозии худро нишон диҳем, метавонем бар «Сафо» пирӯз шавем. Мухлисонамонро барои дастгирии даста дар чунин бозии мушкил даъват мекунем.

Соломон ТЕЧИ, ҳамлагари «Равшан»:

- Даста ба бозии хуб ва оштинопазир омодагӣ мебинад. Ҳама мефаҳманд, ки мо бояд дар хона пирӯз шавем. 11-уми март зодрӯзи ман аст. Мо кӯшиш мекунем, ки мухлисонамонро бо бозии хуб ва натиҷаи дилхоҳ шод гардонем.

Дилшод ШАРИФОВ, менеҷери «Равшан»:

- Бинобар сари вақт ба Тоҷикистон наомадани гурӯҳи доварон аз Покистон моро огоҳ карданд, ки бо тасмими АФК бозӣ бо «Сафо» як рӯз дертар баргузор мешавад. Мо ҳамаи мухлисони «Равшан»-ро 12-уми март ба шаҳри Турсунзода даъват мекунем. Ин бозӣ барои мо хеле муҳим аст. Аз ин рӯ мо ба дастгирии мухлисонамон дар варзишгоҳ ниёз дорем. Бовар дорам, ки рӯзи чоршанбе варзишгоҳи «Металлург» пур аз мухлисон мешавад.

Бозии дигари даври дувум дар гурӯҳи “А” рӯзи сешанбеи 11-уми март миёни дастаҳои «Зат Рас» (Урдун) ва «Ал Сувайқ» (Умон) баргузор мешавад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқаи гурӯҳи «А»

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 « Ал Сувайқ» 1 1 0 0 3-1 3
2 «Сафо» 1 1 0 0 1-0 3
3 «Зат Рас» 1 0 0 1 0-1 0
4 «Равшан» 1 0 0 1 1-3 0

Давраи гурӯҳии Ҷоми АФК-2014
Тақвими бозиҳои гурӯҳи «А»

Даври 1-ум
25-уми феврал (сешанбе)
«Ал Сувайқ» (Умон) - «Равшан» (Тоҷикистон) – 3-1
«Сафо» (Лубнон) - «Зат Рас» (Урдун) – 1-0

Даври 2-юм
11-уми март (сешанбе)
«Зат Рас» (Урдун) - «Ал Сувайқ» (Умон)
12-уми март (чоршанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Сафо» (Лубнон)

Даври 3-юм
18-уми март (сешанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Зат Рас» (Урдун)
«Ал Сувайқ» (Умон) - «Сафо» (Лубнон)

Даври 4-ум
2-юми апрел (чоршанбе)
«Зат Рас» (Урдун) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Сафо» (Лубнон) - «Ал Сувайқ» (Умон)

Даври 5-ум
9-уми апрел (чоршанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Ал Сувайқ» (Умон)
«Зат Рас» (Урдун) - «Сафо» (Лубнон)

Даври 6-ум
23-юми апрел (чоршанбе)
«Сафо» (Лубнон) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Ал Сувайқ» (Умон) - «Зат Рас» (Урдун)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG