Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2014


Имрӯз, 7-уми март, дар Душанбе, дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ доир шуд.

Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ ҳашт даста роҳ ёфтааст. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Панҷшер» (Ҷалолиддин Румӣ), «Энергетик» ва «Истиқлол» (ҳарду аз Душанбе), ба гурӯҳи «Б» тимҳои «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Канд» (Конибодом), «Хайр» (Ваҳдат) ва «Равшан» (Кӯлоб) дохил шуданд.

Марҳилаи ниҳоӣ рӯзи душанбе, 10-уми март, соати 12:00 дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказӣ бо бозӣ миёни дастаҳои гурӯҳи «Б» - «Регар-ТадАЗ» ва «Равшан» - шурӯъ мешавад. Баъдан соати 15:00 дастаҳои «Канд» ва «Хайр» рақобат мекунанд.

Рӯзи сешанбе, 11-уми март, дастаҳои гурӯҳи «А» вориди рақобат мешаванд. Нахуст дастаҳои «Хуҷанд» ва «Истиқлол» (соати 12.00), сипас «Панҷшер» ва «Энергетик» (соати в 15.00) бозӣ мекунанд.

Мусобиқа барои Ҷоми ФФТ-2014 рӯзи 19-уми март ба анҷом мерасад. Дар ин рӯз бозӣ барои ҷойи севум ва бозии ниҳоӣ барпо мегарданд.


Тақвими бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ

Гурӯҳи «А»: «Хуҷанд», «Панҷшер», «Энергетик», «Истиқлол».
Гурӯҳи «Б»: «Регар-ТадАЗ», «Канд», «Хайр», «Равшан».

Даври 1-ум
10 март (душанбе)
12.00 – «Регар-ТадАЗ» - «Равшан»
15.00 – «Канд» - «Хайр»
11 март (сешанбе)
12.00 – «Хуҷанд» - «Истиқлол»
15.00 – «Панҷшер» - «Энергетик»

Даври 2-юм
12 март (чоршанбе)
12.00 – «Хайр» - «Регар-ТадАЗ»
15.00 – «Равшан» - «Канд»
13 март (панҷшанбе)
12.00 – «Энергетик» - «Хуҷанд»
15.00 – «Истиқлол» - «Панҷшер»

Даври 3-юм

14 март (ҷумъа)
12.00 – «Регар-ТадАЗ» - «Канд»
15.00 – «Хайр» - «Равшан»
15 март (шанбе)
12.00 – «Хуҷанд» - «Панҷшер»
15.00 – «Энергетик» - «Истиқлол»

Нимфинал

17 март (душанбе)
12.00 – 1 «А» - 2 «Б»
15.00 – 1 «Б» - 2 «А»

19 март (чоршанбе)
12.00 – Бозӣ барои ҷойи севум
15.00 – ФИНАЛ

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG