Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳашт даста – дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ


Ҳашт даста ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) роҳ ёфт.

Ба иттилои Лигаи миллии футболи Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ, ки аз 10-ум то 19-уми март дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад, ҳафт дастаи лигаи олӣ ва як тими лигаи аввал - «Канд»-и Конибодом ширкат мекунанд.

Ба гарӯҳи «А» дастаҳои «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Истиқлол» ва «Энергетик» (ҳарду аз Душанбе), ба гурӯҳи «Б» тимҳои «Канд» (Конибодом), «Хайр» (Ваҳдат) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) дохиланд. Ду дастаи беҳтарини минтақаи Хатлон – «Равшан»-и Кӯлоб ва «Панҷшер» -и Ҷалолиддини Румӣ низ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ роҳ ёфтаанд. Вале кадоме аз ин дастаҳо ба гурӯҳи «А» ва гурӯҳи «Б» дохил мешаванд, рӯзи 7-уми март дар бозии ниҳоии ин минтақа миёни ҳарду, ки дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барпо мегардад, муайян хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки бар асоси низомномаи Ҷоми ФФТ ғолиби мусобиқаи минтақаи Хатлон ба гурӯҳи «Б» ва дастаи дар бозии ниҳоӣ мағлубшуда ба гурӯҳи «А» дохил мешаванд. Қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ рӯзи ҷумъа, 7-уми март, доир хоҳад шуд.

Ҷоми ФФТ. Даври пешакӣ
Минтақаи Душанбе
Бозӣ барои ҷойи севум

«Регар-ТадАЗ» - «Истиқлол» - 0:1
Гол: Хуршед Маҳмудов, 33.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Владимир Сисоев, Фаррух Чориев, Саид Эргашев, Фарҳод Холбеков, Далер Бердиқулов (Шамшод Ҳайдаров, 52), Расул Файзов, Фирдавс Тусматов, Фирӯз Қараев, Шодмон Тағойзода, Акбар Бобомуродов (Ҷамолиддин Акузиев, 78), Азиз Бегов.

«Истиқлол» (Душанбе): Алишер Тӯйчиев, Дэвид Мауто, Глаубер Да Силва (Сиёвуш Асроров, 68), Эраҷ Раҷабов (Наим Улмасов, 46), Умедҷон Шарифов, Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов, Фатҳулло Фатҳуллоев (Ҷаҳонгир Эргашев, 74), Виллер Соуза Оливейра, Жосимар Насименто (Ҷаҳонгир Ҷалилов, 46), Аҳтам Назаров.

Огоҳонида шуданд: Акбар Бобомуродов, Шодмон Тағойзода, Саид Эргашев («Регар-ТадАЗ»).

Финал

«Энергетик» - «Хайр» - 1:3
Голҳо: Мирзобек Мирзоев, 2 (0:1). Айдох Наполеон, 25 (0:2). Феликс Бафое, 57 (1:2). Мирзобек Мирзоев, 86 (1:3).

«Энергетик» (Душанбе): Лауд Куартей, Уилям Гян, Адамс Кване, Иброҳим Рабимов (Габриэл Донто, 90), Бахтиёр Азимов, Сафаралӣ Каримов, Алишер Холмуродов, Бахтиёр Чориев, Мармар Зоиров, Шавкати Ҳотам, Феликс Бафое.

«Хайр» (Ваҳдат): Анатолий Старушенко, Идибек Ҳабибуллоев, Маҳмадлоиқ Нуриддинов, Менсаҳ Даниэл Абан, Баҳодур Шарифов, Маҳмадалӣ Садиқов, Амирбек Ҷӯрабоев (Фурӯғ Қодиров, 85), Алишер Улмасов (Фирӯз Шамсиев, 90), Бебей Кингли Поул (Мӯҳсин Абдуғаффоров, 69), Айдох Наполеон (Самуэл Афензи, 75), Мирзобек Мирзоев (Аҷей Ричмонд, 90).

Огоҳонида шуданд: Алишер Холмуродов («Энергетик»), Мирзобек Мирзоев, Алишер Улмасов («Хайр»).

Минтақаи Хатлон

Бозиҳои ниманиҳоӣ
«Вахш» - «Равшан» - 1:2
«Данғара» - «Панҷшер» - 1:2

Финал
7-уми март (ҷумъа)
11.00 – «Равшан» - «Панҷшер»
XS
SM
MD
LG