Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ ва Лавров Украинаро баррасӣ мекунанд


Интизор меравад, имрӯз 5 март Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико ва Сергей Лавров, ҳамтои руси ӯ дар мулоқоте дар шаҳри Порис, роҳҳои фурӯ нишондани таниш бар сари бӯҳрон дар Украинаро баррасӣ кунанд. Ҷон Керрӣ рӯзи сешанбе амалкардҳои Русияро “ишғоли Украина” номид. Аз ӯ пештар Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, иқдомоти Русия дар нимҷазираи Қрим “таҷовуз ба хоки Украина аст.” Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи сешанбе гуфт, ки нерӯҳои кишвараш дар Украина ҳузур надоранд, вале афзуд, ирсоли нерӯ ба Украина барои муҳофизати шаҳрвандони Русия ва рустаборон “охирин чора” хоҳад буд. Ва дигар ин ки Барак Обама бо сӯҳбати телефоние бо Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, барномаи коҳиши бӯҳрон дар Украинаро баррасӣ кардаанд. Бар асоси ин барнома, Русия бояд нерӯҳояшро аз нимҷазираи Қрим ба пойгоҳҳояш берун кашида ва нозирони байналмилалиро ба онҷо роҳ диҳад.
XS
SM
MD
LG