Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба муҳорибаҳои омехта (ММА) дар Теҳрон 5 медали тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқаи кушода 560 варзишгар аз 23 кишвари ҷаҳон ширкат дошт. Ба иттилои Лигаи самбои размӣ ва муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон ба ҳайати мунтахаби кишвар 18 варзишгар шомил буд.

Рақобатҳо мувофиқи сини варзишгарон дар ду гурӯҳ – аз 15 то 18-сола ва аз 18-сола боло баргузор шуданд. Дар сабқати наврасон Убайдулло Раҷабов (60 кг) ва Мӯҳсин Каримов (65 кг) бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Дар сабқати бузургсолон Олим Сафаров (82кг) ва Артур Одилбеков (86 кг) бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд. Инчунин Артур дар вазни мутлақ ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт ва боз як медали тилло гирифт.

Варзишгарони тоҷик - Фаррух Шарофов байни бузургсолон (56 кг) ва Қиёмиддин Раҳмонзода миёни наврасон (56 кг) ҷойҳои дувумро касб карда, бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд. Солеҳ Ҳасанов (95 кг), Худойдод Раҳмонов (+95 кг) байни бузургсолон ва варзишгари ҷавон Фирӯз Каримов (65 кг), ки ҷойҳои севумро азони худ карданд, медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Варзишгарони тоҷик акнун ба мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии Амрикои Шимолӣ оид ба муҳорибаҳои омехта (ММА), ки аз 22-юм то 24-уми март дар Вирҷинияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд. Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро Зуҳурбек Нурмаҳмадов, Убайдулло Раҷабов, Сӯҳроб Холиқов, Муин Ғафуров, Рустам Боқиев, Аъзам Азизов ваАъзам Хокиров бо раҳбарии мураббӣ Аҳтам Хокиров намояндагӣ хоҳанд кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG