Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи Миср гурӯҳи ҲАМОС-ро мамнӯъ эълон кард


Як додгоҳи Миср рӯзи сешанбе, 4 март, фаъолияти гурӯҳи фаластинии ҲАМОС-ро дар қаламрави кишвар мамнӯъ ва ҳисобҳои бонкияшро мунҷамид кард. ҲАМОС навори Ғаззаҳро идора мекунад. Қоҳира гурӯҳи ҲАМОС-ро дар он айбдор мекунад, ки дар хушунатҳо дар Миср бо раисиҷумҳури барканоршуда Муҳаммад Мурсӣ ва ҷунбиши “Ихвон-ул-муслимин” ҳамдастӣ мекард.

Ҳукумати Миср моҳи декабри соли гузашта “Ихвон-ул-муслимин”-ро гурӯҳи террористӣ эълон карда буд.

Самӣ Абу Зӯҳрӣ, намояндаи ҲАМОС, тасмими ҳукумати Мисрро маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG