Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Исломобод дар ҳамлае 11 нафар кушта шудаанд


3 март, маҳали куштор дар додгоҳи Исломобод
3 март, маҳали куштор дар додгоҳи Исломобод
Дар ҳамлае ба додгоҳи ноҳиявии Исломободи Покистон дастикам 11 нафар кушта шудаанд. Бештар аз 20 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Дар бораи тирандозӣ ва садои таркишҳо дар дохили додгоҳ гузориш дода мешавад.

Хабаргузории Ассошиейтед Пресс аз қавли Набӣ Авон-корманди пулис навиштааст, ки шумораи номаълуми афроди мусаллаҳ ба маҳалле ҳамла бурдаанд, ки дафтари кормандони додгоҳ қарор дошт. Ба гуфтаи вай, ҳамлакунандагон аз норинҷак низ истифода кардаанд.

Сикандар Ҳаёт-раиси пулиси Исломобод ба хабарнигорон гуфтааст, ки ду ҳамлакунанда худро таркондаанд. Телевизион аз маҳали ҳодиса наворҳоеро ба намоиш гузоштааст, ки шишаи тирезаҳо шикаста, деворҳо афтода ва одамон ҷасади мурдаҳоро аз бино берун мебурданд.
XS
SM
MD
LG