Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Федератсия дархости Путинро пазируфт


Шӯрои Федератсия, палатаи болоии порлумони Русия, бо кулли оро дархости раиси ҷумҳур Владимир Путин барои ирсоли нерӯ ба Украинаро пазируфт. Виктор Озеров, раиси кумитаи дифоъ ва амният дар Шӯрои Федератсия дар ҷаласаи шӯро гуфт: “
“Шӯрои Федератсиюни Русия қарор кард, ки ба раиси ҷумҳур истифодаи нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар қаламрави Украинаро то замони ба эътидол омадани авзоъи иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар он кишвар иҷоза диҳад.”
Ҳукумати Русия рӯзи шанбе гуфт, Владимир Путин барои таъмини рустаборон ва нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар нимҷазираи Қрим аз порлумон чунин дархост кардааст. Бар тибқи баёнияи Кремл, нерӯҳои Русия то замони “ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ” дар онҷо истифода мешаванд. Пештар аз ин Игор Тенюх, вазири дифоъи Украина гуфт, Русия сар аз рӯзи ҷумъа ба Украина 6 ҳазор сарбози изофӣ ва 30 мошини зиреҳпӯш фиристодааст. Ӯ афзуд, ирсоли нерӯ бе иҷозаи ҳукумати Украина сурат гирифтааст ва нақзи тамомияти арзии кишвараш аст.
XS
SM
MD
LG