Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибони Покистон оташбас эълон карданд


Толибони Покистон мегӯянд, барои як моҳ созиши оташбас эълон карданд, то имкон бидиҳанд, ки музокироти сулҳ бо ҳукумат аз сар гирифта шавад. Шаҳидулло Шаҳид, сухангӯи Толибон рӯзи якуми март ба хабарнигорон гуфт, ки иҷрои созиши оташбас билофосила шурӯъ мешавад. Толибони Покистон ҳам рӯзи шанбе бо нашри баёнияи катбие гуфтанд, ки “Раҳбарони баландпояи гурӯҳ ба ҳамаи ҳалқаҳои тобеъи худ тавсия медиҳанд, ки амри созиши оташбасро риоят ва дар тамоми ин муддат фаъолиятҳои ҷиҳодиро бас кунанд.” Эълони якҷонибаи оташбас баъд аз талошҳои бенатиҷа барои аз сар гирифтани музокироти сулҳ бо Толибон сурат мегирад. Ҳафтаҳои гузашта артиши Покистон, мавқеъҳои ин гурӯҳи тундравро дар шимолуғарби кишвар бомбборон кард. Ҳамчунин сару садо аст, ки ҳукумати Покистон барои маҳви Толибон дар манотиқи қабоилнишин дар марз бо Афғонистон ба як амалиёти бузург омодагӣ мегирад.
XS
SM
MD
LG