Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раъйпурсӣ дар Қрим зудтар баргузор мешавад


Сергей Аксёнов, нахуствазири русиягарои Ҷумҳурии Мухтори Қрим дар Украина мегӯяд, раъйпурсӣ дар бораи ояндаи ин ҷумҳуриро на ду моҳ баъд, балки охири ҳамин моҳ баргузор мекунанд. Рӯзи шанбе зимни суханронӣ дар нахустин нишасти ҳукумати тозатаъини Қрим, Сергей Аксёнов гуфт, “бинобар зарурат”, раъйпурсӣ зудтар баргузор карда мешавад. Дар ин раъйпурсӣ, аз мардуми Қрим хоҳанд пурсид, ки розианд, ки Қрим соҳибистиқлол ва бар асоси созишномаву қарордодҳо, бахше аз Украина бошад. Амри нав нишонае дигаре аз авҷ гирифтани таниш миёни ҳукумати нави аврупогарои Украина дар Киев ва гурӯҳҳои Русиягаро дар Қрим аст, ки мехоҳанд, ин ҷумҳуриашон бахше аз Русия бошад. Рӯзи панҷшанбе порлумони Қрим, губернатори пешинро аз мақомаш барканор кард ва Сергей Аксёновро нахуствазир таъйин намуд. Дар ҳамон рӯз раъйпурсӣ дар бораи ояндаи Қримро 25 май эълон карданд, ки қарор аст, дар ҳамон рӯз дар Украина ба ҷойи Виктор Янукович, раиси ҷумҳури барканоршуда, президенти нав интихоб шавад.
XS
SM
MD
LG