Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон мизбони бозиҳои ҷаҳонии виндсурфинг хоҳад буд


Туркманистон мизбони мусобиқоти навъи варзиши виндсурфинг хоҳад буд. Ин бозиҳо тобистони соли ҷорӣ дар осоишгоҳи Овозаи соҳили Дарёи Хазар баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора матбуоти Туркманистон рӯзи ҷумъа хабар додаанд ва гуфтаанд, ки ин бозиҳо 1 июл шуруъ мешавад ва 6 июл ба поён мерасад.

Солҳои охир Туркманистон ин осоишгоҳро васеъ ва таҷдид мекард.
Дар ин мусобиқа ҳам занон ва ҳам мардони варзишкор ширкат меҷӯянд.

Баргузории ин мусобиқот дар Туркманистон замоне муяссар шуд, ки миёни Анҷумани касбии виндсурфинг ва ширкати туркмании Полимекс мувофиқатнома ба имзо расид.

Ба ин тартиб Овоза дар баробари Ҷазираҳои Канарӣ ва Силти Олмон яке дигар аз маҳаллоти мусобиқоти виндсурфинг хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG