Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти намояндагии ИА дар робита ба ҳукми Тутубалина


Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон бо пахши як изҳорот аз қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавси шаҳри Душанбе дар нисбати хабарнигори «Азия Плюс» Олга Тутубалина нигаронӣ намуда, мегӯяд, ки чунин қарор метавонад ба озодиҳои матбуот дар кишвар монеа эҷод кунад. Дар изҳороти намояндагии Иттиҳодияи Аврупо, ки рӯзи 28-уми феврал нашр шуд, аз мақомоти Тоҷикистон даъват шудааст, ки тааҳҳудоти байналмилалии худро дар ин замина иҷро намоянд. Дар ин изҳорот омадааст, ки намояндагии Иттиҳодияи Аврупо омодааст, ки бо ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешбарии озодиҳои васоити ахбори умум ҳамкорӣ кунад. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ рӯзи 25 феврал бар асоси даъвои созмонҳои эҷодӣ хабарнигори ҳафтавори мустақили “Азия Плюс”-ро 30 000 сомонӣ, муодили тақрибан 5 000 доллар, ҷарима баст. Созмонҳои эҷодӣ як ҷумла дар як матлаби моҳи июни Тутубалинаро, ки иқтибос аз асосгузори давлати Шӯравӣ Владимир Ленин буд, ҳамчун таҳқири қишри зиёии ҷамъияти Тоҷикистон шумруда, бо талаби товон ба додгоҳ шикоят бурда буданд.
XS
SM
MD
LG