Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо дар бораи Виктор Янукович


Виктор Янукович
Виктор Янукович
Мақомоти расмии Русия хабарҳои матбуотиро дар ин бора, ки Виктор Янукович-раиси ҷумҳури барканоршудаи Украина дар осоишгоҳи Кремл дар наздикии Маскав ба сар мебарад, рад карданд. Дмитрий Песков-сухангӯи Кремл гуфт, вай дар бораи маҳали иқомати Янукович маълумот надорад, вале Русия вайро ҳамоно раиси ҷумҳури қонунии Украина медонад.

Виктор Хреков-сухангӯи бахши дороиҳои дафтари раёсати ҷумҳурии Русия гуфт, вай хабар надорад, ки Янукович дар осоишгоҳи Барвихаи ҳаволии Маскав аст.

Шабакаи хабарии RBK-и Русия гузориш дод, ки Янукович шаби сешанбе ба Маскав омадааст ва ҳоло дар осоишгоҳи Барвиха қарор дорад. Шабакаи RBK гуфтааст, ки ин хабарро як тоҷири сарватманд додааст ва онро як мақоми ҳукуматӣ низ тасдиқ кардааст вале аз касе ном бурда намешавад.
XS
SM
MD
LG