Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико ҳукми додгоҳи Русияро ноодилона хонд


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҳукумати Русия тақозо кардааст, ки ҳукми “ноодилонаи” ҳашт тазоҳургар дар Майдони Болотнаяро ислоҳ кунад. Ҷен Саки, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи сешанбе, 25 феврал гуфт, Амрико аз ҳукми додгоҳи шаҳри Маскав нисбат ба тазоҳургарон “бисёр маъюс” шудааст. Ба гуфтаи Ҷен Саки, муҳокимаи тазоҳургарон дуруст сурат нагирифт ва “дорои ангезаҳои сиёсӣ” буд. Дипломати амрикоӣ ҳамчунин гуфт, Иёлоти Муттаҳида аз боздошти садҳо тазоҳургари осоишта, ки рӯзи ҷумъа дар назди додгоҳи Маскав ҷамъ омаданд, нороҳат шудааст. Дар ин додгоҳ ҳафт нафар аз онҳое, ки дар тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар моҳи майи соли 2012 ширкат доштанд, аз ду то ба чаҳор соли зиндон маҳкум шуданд. Баъди ин муҳокима чанде аз фаъоли мухолифи давлат ба шумули ду пешвояшон Борис Немтсов ва Алексей Навалний бо гуноҳи “нофармонӣ ба пулис” мутаносибан ба 10 ва 7 рӯзи зиндон маҳкум шуданд.
XS
SM
MD
LG