Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солона дар ҷаҳон 1 миллион навзод мемирад


Як созмони байналмилалии имдодӣ мегӯяд, аз назари маргу мири навзодон дар ҷаҳон Покистон дар мақоми аввал меистад. Созмони Наҷоти Кӯдакон, ки дар Лондон қароргоҳ дорад, рӯзи 26 феврал бо нашри гузорише гуфт, соли 2012 дар Покистон аз миёни ҳар 1000 кӯдаки навзод ва ё дар батни модар, тақрибан 50 нафари онҳо мефавтидаанд. Нигерия аз ин назар дар мақоми дуввум аст, ки дар онҷо тақрибан 33 навзод чашм ба ҷаҳон кушода ва чанд рӯз баъд ҷон медодаанд. Сиера Леоне дар мақоми саввум аст ва Афғонистони ҳамсоя дар мақоми панҷум, ки дар онҷо аз миёни ҳар ҳазор кӯдаки навзод ва ё дар батни модар 29 нафари онҳо фақат чанд рӯз умр медидаанд. Дар Тоҷикистон ба гуфтаи созмон, соли 2012 аз миёни ҳар ҳазор кӯдаки навзод 23 нафари онҳо ҷон додаанд. Дар гузориши Созмони Наҷоти Кӯдакон гуфта мешавад, ки солона 1 миллион кӯдаки навзод дар 24 соати аввали умрашон мефавтанд. Гузашта аз ин бештар аз шашуним миллион кӯдаки дигар ҳанӯз панҷрӯза нашуда, мемиранд, ҳарчанд бемориву дарди онҳо дармонпазир аст. Ин созмони имдодӣ, маргу мири кӯдаконро “як расвоӣ дар ҷаҳони муосир” номида ва аз раҳбарони кишварҳои дунё, ширкатҳои хусусӣ ва сарватмандон хостааст, ба маргу мири кӯдакони навзод дар ҷаҳон хотима диҳанд.
XS
SM
MD
LG