Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кличко худро номзади раёсати ҷумҳурӣ пешбарӣ мекунад


Виталий Кличко бо Кэтрин Эштон
Виталий Кличко бо Кэтрин Эштон
Виталий Кличко-раиси ҳизби “Удар”-и Украина таъйид кард, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ номзадии худро пешбарӣ хоҳад кард. Қарор аст ин интихобот 25 май баргузор шавад.Кличко дар ин бора рӯзи сешанбе бо рӯзноманигорон сӯҳбат кард.

Баъд аз райи порламон дар бораи барканории Виктор Янукович аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ 25 маи соли ҷорӣ дар Украина интихоботи зудрас эълон шуд. То ҳол маҳали иқомати Виктор Янукович маълум нест.

Рӯзи сешанбе Кумиссиюни интихоботии Украина эълон кард, ки номзадҳои мақоми раёсати ҷумҳурӣ бояд то 4 апрели соли ҷорӣ дар кумиссиюн сабти ном шаванд.

Юлия Тимошенко-нахуствазири пешини Украина ва рақиби сисёсии Янукович низ яке аз довталабони аслии мақоми раёсати ҷумҳурӣ дониста мешавад. Вай эълон кард, ки моҳи оянда дар Олмон аз дарди сутунмӯҳра муолиҷа хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG