Пайвандҳои дастрасӣ

Дар вилояти Ҳилманд 3 ҷавон кушта шуданд


Дар ҷануби Афғонистон дар таркише 3 ҷавон кушта, 3 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ҳамаи онҳо донишҷӯёни як омӯзишгоҳ ва аз 20 то 21 сола будаанд.

Бино ба хабари мақомоти расмии вилояти Ҳилманд, дар минтақаи Марҷаҳ як баме, ки дар мототсикл баста шуда буд, таркидааст. Ҳангоми таркиш ин мототсикл дар назди бинои омӯзишгоҳ истода будааст.

То ҳол масъулияти ин таркишро касе ва ё нируе бар уҳда нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG