Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири Украина амр додааст, Януковичро боздошт кунанд


Арсен Аваков, вазири муваққати умури дохилии Украина, рӯзи душанбе амр додааст, ки Виктор Янукович, раиси ҷумҳури собиқро бо иттиҳоми куштори дастаҷамъӣ боздошт кунанд. Арсен Аваков дар саҳифаи расмиаш дар Фейсбук навишт, “парвандаи ҷиноӣ дар робита ба қатли мардуми осоишта боз шудааст.” Ба навиштаи вазири украинӣ, барои боздошти Янукович ва ҳамроҳони ӯ, ки масъули ин ҷиноят ҳастанд, амри боздошт содир шуд. Ба гуфтаи Арсен Аваков, Виктор Януковичро охирин бор дар нимҷазираи Қрим дидаанд, ки аксарияти мардумаш тарафдори Русия ҳастанд. Ба гуфтаи вазорати беҳдошти Украина дар ҷараёни тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар ҳафтаи гузашта, бештар аз 80 нафар ва аксаран тазоҳургарон кушта шуданд. Рӯзе пештар аз ин Олександр Турчинов, раиси ҷумҳури муваққати Украина, аз вакилони порлумон хост, то рӯзи сешанбе, ҳукумати муваққатро ташкил бидиҳанд.
XS
SM
MD
LG