Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши тиҷорати Тоҷикистон бо Қирғизистон


Торнамои Times of Central Asia навиштааст, дар як моҳи охир тиҷорати дуҷонибаи миёни Тоҷикистону Қирғизистон коҳиш ёфтааст. Ожонси омори Тоҷикистон тиҷорати миёни ин ду кишварро бо 1 миллиону 236 ҳазор доллар баробар кардааст.

Содироти молу колои Тоҷикистон ба Қирғизистон 124 ҳазор доллар ва воридот аз Қирғизистон 1 миллиону 112 ҳазор долларро ташкил додааст.

Дар ҳамин даввраи соли гузашта, яъне дар моҳи январи соли 2013 тиҷорати миёни ду кишвар 11 миллион доллларро ташкил додааст, ки аз моҳи январи соли 2012 5 баробар бештар будааст.

Соли 2013 Қирғизистон дар миёни кишварҳое, ки бо Тоҷикистон доду гирифт мекунанд, дар зинаи 7 қарор дошт. Баъд аз тирандозиҳои 11 январи соли ҷорӣ дар марзи миёни ду кишвар Қирғизистон ба таври якҷониба марзҳо ва посгоҳҳои гумрукиро баст ва тиҷорати дуҷониба маҳдуд шуд.
XS
SM
MD
LG