Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи Толибон 19 сарбоз кушта шуд


Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, шӯришиёни Толиб дар вилояти кунар ба як посгоҳ ҳамла бурдаанд ва 19 сарбозро ба қатл расондаанд. Ин ҳамла, ки субҳи рӯзи якшанбе сурат гирифт, дар давоми як моҳи гузашта аз маргбортарин ҳамлаҳои инфиродӣ ба нируҳои амниятӣ ба шумор меравад. Зоҳир Азимӣ-сухангӯи вазорати дифои Афғонистон гуфт, дар ин задухурди чаҳорсоата дар вулусволии Ғозиобод 2 сарбози дигар захмӣ шудаанд.

Абдулғанӣ Мусаммим-сухангӯи волии вилояти Кунар мегӯяд, ҳамла дар минтақаи дурафтодаи кӯҳистонӣ дар наздикии марз бо Покистон сурат гирифтааст ва 7 сарбоз бедарак шудаанд.

Толибон дар як изҳороти матбуотӣ масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтаанд. Дар изҳороти Толибон омадаааст, ки аз ҷониби онҳо як нафар кушта ва ду нафари дигар захм бардоштаанд.

Дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистон гуфтааст, ки ба сабаби куштори сарбозон дар вилояти Кунар Ҳомид Карзай сафари худ ба Шри Ланкаро ба таъхир андохтааст.
XS
SM
MD
LG