Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Маскав фаъолонро боздошт карданд


Шоми рӯзи ҷумъа дар Маскав дар болои пули бузурги сангин ё Большой Каменный мост 5 нафар фаъолон, ки дар даст шиори «Шараф ба қаҳрамонони Болотный ва Майдан» доштанд, боздошт шуданд. Як ҷо бо онҳо се рӯзноманигор аз "Грани.ру" низ боздошт шуданд, вале онҳоро баъдтар раҳо карданд.

Бино ба маълумоти торнамои ОВД-Инфо, шоми рӯзи ҷумъа ҳамчунин 11 нафар ҷонибдорони ин фаъолон дар майдони Манежный дастгир шудаанд. Онҳо дар назди бинои додгоҳи ноҳияи Замоскворецк ҷамъ шуда буданд. Дар ин додгоҳ ҳукми боздоштшудагони Болотный эълон мешуд. Бино ба хабари ОВД-Инфо, баъд аз навиштани протокол боздоштшудагонро раҳо карданд.

6 маи соли 2012 дар майдони Болотный тазоҳуроти эътирозии зиддиҳукуматӣ барпо гардид. Мақомот баъзе ширкаткунандагонро муттаҳам мекунанд, ки онҳо муқарраротро риоят накардаанд ва бо пулис дарафтодаанд.
XS
SM
MD
LG