Пайвандҳои дастрасӣ

Надежда Толоконникова ва Мария Алехина, ду узви гурӯҳи Pussy Riot, дар шаҳри Сочӣ боздошт шуданд. Толоконникова рӯзи сешанбе, 18 феврал, дар Твиттер навишт, ки онҳоро дар дуздӣ аз як меҳмонсарои шаҳр айбдор мекунанд.

Моҳи декабри соли гузашта Толоконникова ва Алехина афв ва пеш аз мӯҳлат аз зиндон раҳо карда шуданд. Онҳо гуфтанд, ки аз ин баъд барои дифоъ аз ҳуқуқҳои маҳбусон талош хоҳанд кард.

Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ Надежда Толоконникова гуфтааст, ки тайи се рӯзи дар Сочӣ буданашон онҳо бештари вақтро дар идораи полис ва дафтари Хадамоти федеролии амнияти Русия сипарӣ карданд.
XS
SM
MD
LG