Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бар мунтахаби наврасони футболи шаҳри Душанбе бо ҳисоби 3-0 ғалаба кард.

Ин бозии санҷишӣ дар доираи омодагии “Равшан” ба бозии давраи гурӯҳии Ҷоми АФК-2014 бо тими «Сувайк»-и Уммон рӯзи 17-уми феврал дар шаҳри Душанбе, дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, баргузор шуд. Ду голи “Равшан”-ро Наврӯз Рустамов ва як голро Соломон Течи ба ҳадаф расонданд.

“Равшан” бозии навбатии санҷишии худро рӯзи панҷшанбе, 20-уми феврал, дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода анҷом медиҳад. Бозӣ соати 15:00 шурӯъ мешавад.

Ҷамъомади таълимиву тамринии бошгоҳи футболи «Равшан» дар шаҳри Душанбе то рӯзи шанбе идома меёбад. Ба иттилои Дилшод Шарифов, менеҷери «Равшан», даста шаби 22-юми феврал бо шумули 25 нафар, аз он ҷумла 18 футболбоз, ба Уммон сафар мекунад.

Дастаи «Равшан», қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, дар даври аввали сабқати гурӯҳи «А» рӯзи 25-уми феврал дар варзишгоҳи «Сиб Стэдиум» шаҳри Масқат бо тими «Сувайк», қаҳрамони секаратаи Уммон, вориди рақобат мешавад.

Ба ин бозӣ гурӯҳи ҳакамон аз Ироқ бо раҳбарии Муҳанад Қосим Саррой доварӣ мекунанд. Ба ӯ доварони марзи майдон Наҷаҳ Раҳам Рашид Ал-Ҳамайда ва Муаяд Муҳаммад Алӣ кӯмак мерасонанд. Довари чаҳорум Ферас Тавил аз Сурия ва комиссари бозӣ Ҳамид Муъминируҳӣ таъин шудаанд.

Давраи гурӯҳии Ҷоми AFC-2014
Тақвими бозиҳои гурӯҳи «А»

Даври 1-ум
25-уми феврал (сешанбе)
«Сувайк» (Уммон) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Сафо» (Лубнон) - «Зат Рас» (Урдун)

Даври 2-юм
11-уми март (сешанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Сафо» (Лубнон)
«Зат Рас» (Урдун) - «Сувайк» (Уммон)

Даври 3-юм
18-уми март (сешанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Зат Рас» (Урдун)
«Сувайк» (Уммон) - «Сафо» (Лубнон)

Даври 4-ум
2-юми апрел (чоршанбе)
«Зат Рас» (Урдун) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Сафо» (Лубнон) - «Сувайк» (Уммон)

Даври 5-ум
9-уми апрел (чоршанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Сувайк» (Уммон)
«Зат Рас» (Урдун) - «Сафо» (Лубнон)

Даври 6-ум
23-юми апрел (чоршанбе)
«Сафо» (Лубнон) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Сувайк» (Уммон) - «Зат Рас» (Урдун)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG