Пайвандҳои дастрасӣ

Як манбаи наздик ба духтари президенти Узбакистон ба бахши Узбакии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки Гулнора Каримова дар ҳабси хонагӣ қарор дорад.

Ба иттилоъи ин манбаъ Гулнора Каримова дигар муҳофизи хусусӣ надорад ва таҳти назорати Хадамоти амнияти Узбакистон қарор гирифтааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки мақомот тамоми дастгоҳҳои мухобиротии Каримова, бо шумули компютер ва телефони ҳамроҳи ӯро мусодира кардаанд.

Бозҷӯии се коршарики духтари президенти Узбакистон ва ҳамкори наздики ӯ Авакян, дар заминаи пулшӯӣ, дар Шветсия ва Шветсария ҷараён дорад. Исми худи Гулнора Каримова низ ба ин қазияҳо рабт дода мешавад. Манобеи наздик ба тафтишот ба Радио Озодӣ гуфтанд, ки ҳудудан 600 миллион франки шветсариягӣ дар Шветсария ва 30 миллион доллари амрикоӣ дар Шветсия дар қазияи фасодкории байни ширкати "Такилан"-и Авакян ва "Телиа Сонера"- ӣ Шветсия мунҷамид шудаанд. Бозҷӯёни ин қазияҳҳо гуфтаанд, ки ҳаҷми порагирӣ дар байни ин ду ба ҳудудан 300 миллион доллари амрикоӣ баробар будааст. Интизор меравад, ки баррасии қазия нимаҳои тобистони соли 2014 дар Стокҳолм оғоз шавад.

Ин хабар дар ҳоле пахш мешавад, ки Додситонии кулии Ӯзбакистон ҳамкорон ва наздикони духтари президенро дар тақаллуб ва азхудкунии пулҳои махсусан калон муттаҳам мекунад.

Додситонии кулии Ӯзбакистон бо пахши изҳороте дар сайти интернетии худ навиштааст, ки таҳқиқи парвандаҳои 10 шахси муттаҳам ба тақаллуб ва азхудкунии маблағҳои калон аз роҳи фиреб идома дорад. Ба навиштаи додситонӣ, ин афрод бо таъсиси ширкатҳои ғайриқонунӣ дар хориҷи кишвар ба азхудкунии пулҳои калон ва қонуникунии маблағҳои ҷиноӣ машғул буд. Инчунин ин гурӯҳ дар ҷурми фирор аз супордани молиёт, пинҳон кардани арзи хориҷӣ ва ба хориҷа баровардани доллару евро муттаҳам мешавад. Таъкид шудааст, ки фаъолияти ин гурӯҳ ба давлат зиёни калони пулӣ ворид кардааст.

Манзури додистони кулли Ӯзбакистон ширкатҳои «Терра групп», «Прайм Медиа», «Гамма промошн» мебошанд, ки масъулинашон дӯст ва шарикони кории Гулнора Каримова, духтари калонии президенти Ӯзбакистон аст. Ин афрод шоми 18 феврал дар манзили зисти Гулнора Каримова боздошт шудаанд.


Журналисти рус Антон Коробков-Землянский, ки аз дӯстони наздики Гулнора Каримова мебошад, гуфт, он рӯз ходимони амнияти президенти Ӯзабкистон ба манзили Гулнора ворид шуда, ӯро лату кӯб ва манзилашро кофтукоб карданд.
Ба нақли ин журналист, гурӯҳе ба манзили Гулнора Каримова дар Тошканд, ки дар ошёнаи 7 зиндагӣ мекунад, аз боми хона гурӯҳи мусаллаҳе ба раҳбарии Муинҷон Тоҳирӣ ворид шудааст. Дар хона дар ин лаҳзаҳо Гулнора Каримова ҳамроҳ бо нӯҳ нафари дигар, аз ҷумла кӯдакони хурдсол будааст. Дар миёни меҳмонҳо дӯстписараш Рустам Мадумаров, ҳамкорони тиҷоратиаш Екатерина Клюева ва Гаяне Авакян ҳамроҳ бо фарзандонашон қарор доштанд.

Ба гуфтаи Антон Коробков-Землянский, дар баробари боздошти ҳама меҳмонҳо, манзили духтари президент кофтукоб шуд. Аз ҳозирин телефонҳои мобил ва компютерҳо мусодира шуд.

Дар ҳамин ҷо, мегӯяд Радиои Озодлик, муноқишае миёни Гулнора Каримова ва Муинҷон Тоҳирӣ сар зад ва духтари президент аз ҷониби Тоҳирӣ лату кӯб шудааст. Дар ниҳоят, вақте ҳоли Гулнора ва духтари хурдиаш Имон бад шуд, акси дари шикастаи Гулнора Каримова

акси дари шикастаи Гулнора Каримова

онҳо бо кӯмаки ёрии таъҷилӣ ба беморхонае дар Тошканд интиқол ёфтанд. Дар ҳамин лаҳзаҳо ӯ имкон ёфт, ки ба Антон занг зада аз ҳолаш хабар диҳад.

Маълум нест, ки вазъи саломатии Гулнора Каримова чӣ гуна аст, ӯ имрӯз дар куҷост. Ҳанӯз худи ӯ, ки одат дорад тавассути шабакаи иҷтимоии Твиттер аз худ дарак диҳад, нопайдост.


Антон Коробков-Землянский як хабарнигори блогнавис буда, узви Палатаи ҷамъиятии Русия ва аз шарикони Гулнора Каримова мебошад.

Шоми 17 феврал Додситонии кулли Ӯзбакистон хабар дод, ки Рустам Мадумаров, дӯстписари Гулнора Каримова ва ду ҳамкори дигари духтари президентро боздошт ва нисбаташон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Онҳо ба ҷиноятҳои молӣ, назири фирор аз супурдани андоз ва дигар хилофкориҳо муттаҳам мешаванд.

Дар иттилои расмии додситонии кулл дар сомонаи интернетӣ гуфта мешавад, ки Рустам Мадумаров, ва Екатерина Клюева, ки масъулини ширкатҳои «Терра групп», «Прайм Медиа», «Гамма промошн» мебошанд, дар нақзи муқаррароти Кодекси ҷиноии Ӯзбакистон (моддаи 184, қ. 3, «В» ва моддаи 178, қ. 2) гунаҳгор мешаванд. Ин афрод ба додситонии кулл барои ширкат дар бозпурсиҳо «оварда шудаанд», омадааст дар иттилоияи Додситонии кулл.

Рустам Мадумаров овозхони гурӯҳи овозадори "Додо" аз Тоҷикистон аст, ки дар солҳои 1990-ум ба Тошканд рафт. Хабарнигорони радиои Озодлик мегӯянд, ки Мадумаров аз камтарин афроде буд, ки дар мақоми "Шахси бешаҳвандӣ" дар Ӯзбакистон соҳиби шиносномаи шаҳрванди Ӯзбакистон шуд. Гурӯҳи "Дадо" аз хонандаҳои таронаҳои эстрадӣ буда, бештар дар шимоли Тоҷикистон фаъолият доштааст.

Исми Гаяне Авакян дар робита бо моҷарои коррупсионии ширкати мухобиротии TeliaSonera расонаӣ шуда буд. Ин ширкати скандинавӣ, ки яке аз​тақдимкунандаҳои ҷаҳонии мухобироти бесим мебошад, дар моҷароҳои пулӣ ба хотири мустаҳкам кардани ҷои пояш дар бозори Ӯзбакистон муттаҳам шуд, ки ҳадафҳояшро бевосита тавассути духтари президент амалӣ мекард.

Соли 2007-ум TeliaSonera бо ширкати узбакиии Такилант (Takilant)ба маблағи 350 миллион доллар шартнома ба имзо расонида, муҷаввизи истифодаи мухобироти насли сеюм ё худ 3G-ро дар қаламрави Узбакистон ба даст овардааст. Моҳи декабри соли 2012 телевизиони мардумии SVT-и Шветсия як барномаи мустанадеро намоиш дод, ки дар он шоҳидон бар пояи дидаву шунидаашон гуфтанд, режими Узбакистон аз сармоягузорони хориҷӣ миллионҳо доллар ришва мегирад. Барнома "TeliaSonera ва духтари диктатор" ном дошт.


Муаллифони барнома таъкид мекарданд, ки ширкати TeliaSonera Telecom, ки қароргоҳаш дар Шветсия мебошад, ба духтари президенти Узбакистон Гулнора Каримова 250 миллион доллар пора додааст, то ба бозори хадамоти мухобиротии Узбакистон роҳ ёбад.

Дар ҳамин барнома гуфта шуд, ки дар натиҷаи музокирот TeliaSonera ҳамчун пешшарти кор дар Узбакистон ба ширкати Takilant, воқеъ дар Ҷибралтар, 250 миллион доллар интиқол дод. Takilant-ро хонуми 24-сола Гаяне Авакян раҳбарӣ мекунад, ки аз наздикони Гулнора Каримова ба шумор меравад.

Исми Клюева, зоҳиран, барои матбуот нав аст.

Як соли охир моҷарои хонаводаи президенти Ӯзбакистон, ба вижа кору тиҷоратҳои машкуки духтари калониаш Гулнора Каримова дар арсаҳои мухталиф мавриди фишори мақомоти баландпояи кишвар шуд. Гулнора дар посух ба фошкорӣ гузашта, модару хоҳарашро дар сиёҳ кардани рӯзаш гунаҳгор ва онҳоро дар фаъолиятҳои сиёҳи мафиёӣ гунаҳгор кард. Аз миёни афроде, ки Гулнора Каримова зидди онҳо ба таври ошкоро дар саҳифаи интернетии Твиттераш матлабҳо нашр кардааст, раҳбари Хадамоти амнияти миллии Ӯзбакистон ва вазири умури хориҷаи ин кишвар мебошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG