Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳамаи бонкҳо ва ниҳодҳои хурди қарздиҳӣ ҳушдор дод, ки интиқоли пулро тариқи системаи «Migom»-и Русия қатъ кунанд.

Ин дастур ба хотири бозхонд шудани муҷаввизи бонки «Евротраст» аз ҷониби Бонки марказии Русия додаа шудааст.

Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 17-уми феврал дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» дар ин робита гуфт: «Migom» яке аз системаҳои пулинтиқолдиҳии бонки «Евротраст» аст. Бонки миллии Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин фурсат оиди ба вуқӯъ омадани ин кор ташкилотҳои қарзии ҷумҳуриро хабардор намуд ва онҳоро муваззаф кард, ки ҷиҳати пешгирии интиқоли минбаъдаи маблағҳои муҳоҷирони корӣ тавассути созмони қарзии “ЕВРОТРАСТ”-и шаҳри Маскав чораҳои зарурӣ андешида шавад.»

Ҷаноби Қурбонов афзуд, ки акнун ҳамаи бонкҳо ва дигар созмонҳои молиявӣ, ки бо «Migom» ҳамкорӣ доштанд, дигар наметавонанд аз тариқи ин низом интиқоли маблағ дошта бошанд. Зеро иҷозатномаи "Евротраст" аз ҷониби бонки Русия бозхонд шудааст.

Абдуғаффор Қурбонов

Абдуғаффор Қурбонов

Ду суратҳисоби асосии системаи интиқоли маблағҳои мавсум ба «Migom» дар бонки «Евротраст»-и Маскав нигоҳдорӣ мешудааст ва чун муҷаввизи ин бонк бозхонд шудааст, суратҳисобҳои «Migom» дар он ҷо дармондаанд. Ба навиштаи нашрияи «Коммерсант» чопи Маскав, бонкҳои кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Украина ва Узбакистон аз қатъ шудани фаъолияти «Migom» зиён дидаанд. Чунки пулҳои муҳоҷирон ба ватанашон фиристодаро дар ҳамон муддат бонкҳо ба пайвандонашон додаанд, аммо суратҳисоби «Migom» дар бонки аз фаъолият бозмондаи «Евротраст» аз кор монд.

Бинобар иттилои хадамоти матбуоти «Migom», онҳо бо 14 бонку ташкилот дар Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ дошта, соҳиби беш аз 50 нуқтаи интиқоли маблағ дар ин кишвар буданд ва пули фиристодаи муҳоҷиронро ба пайвандонашон мерасонданд.

Светлана Чепик, сухангӯи «Migom» дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт: «Он нафароне, ки бо системаи «Migom» пул фиристодаанду наздиконашон аз бонкҳо онро гирифта натавонистанд, ба ҷои пул интиқолдодаашон бо паспорт ва маълумотнома оиди супурдани пул ҳозир шаванд ва метавонанд, пулашонро бозпас гиранд. Агар маълумотномаро гум карда бошанд, ба ҳамон ҷое ки пул супурда буданд бояд ариза нависанд ва метавонанд пули худро бозпас бигиранд».

Вале хонуми Чепик ба суоли «Озодӣ», ки чӣ миқдор пули интиқолдодаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар суратҳисобҳои он дармондааст, посух нагуфт ва танҳо афзуд қатъ шудани фаъолияти ин хатти интиқоли пул як ҳодисаи муваққатист.

Бинои Бонки миллии Тоҷикистон

Бинои Бонки миллии Тоҷикистон

Зоҳир Аброров, як сокини Душанбе мегӯяд, бародараш як ҳафта қабл бо системаи ««Migom» ба номи ӯ пул фиристода буд, аммо вай то ба ҳол наметавонад ин пулҳоро бигирад: «Хайр медонед, ки асоси рӯзгори мо ҳамин пулҳоест, ки ҳамин муҳоҷирон мефиристонанд аст. Ин бонкҳо чизи хуб ҳастанд, дар як сония пулро аз онҷо мегирифтем. Нашавад, ки як ҳафта пас онҳо биёянду ҳамроҳашон пул фиристонанд. Ба дасти дигарон ба самолёт фиристодан ҳам, вақти зиёд мегирад. Ин интиқолҳои бонкӣ хеле хуб буданд, ки ҳамин ҳам аз кор монд».

Пулҳои интиқолии муҳоҷирони тоҷик аз Русия бахши аъзами даромади хонаводаҳои тоҷикро ташкил мекунад. Дар соли гузашта ҳаҷми пулҳои фиристодаи муҳоҷирон танҳо аз Русия марзи 3 миллиард долларро убур ва қариб нисфи ММД кишварро ташкил кард.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG