Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъйиноти кадрӣ дар сохторҳои қудратӣ


Сардорони чаҳор раёсати вазорати мудофиаи Тоҷиистон иваз шуданд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёcати ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин Комиссари комиссариати ҳарбии муттаҳидаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва комиссарони ҳарбии минтақаи Кӯлоб, шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Рӯдакӣ, Вахш, Қумсангир, Бохтар, Балҷувон, Носири Хисрав, Ҷиликул, Шаҳритус, Сарбанд ва Мастчоҳ иваз карда шуданд. Ба гуфтаи манбаъ, панҷ нафар ба вазифаҳои масъул дар ҳайати роҳбарии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва шуъбаи минтақавии он дар минтақаи Рашт таъин гардид. Инчунин ба вазифаҳои муовини якуми раиси Суди ВМКБ ва раисони судҳои ноҳияҳои Қубодиён ва Панҷи вилояти Хатлон шахсони дигар омаданд ва чор нафар ба вазифаҳои судя дар суди вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон таъин шуданд. Ҳамчунин Прокурори шаҳри Роғун иваз карда шуд.

Рӯзи шанбеи 15-уми феврал Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон афроди ба мақомҳои нав таъиншударо ба ҳузур пазируфта ва "аз масъулияти баланди ватандорӣ, ҳифзи шоиста аз марзу буми кишвар, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият пешниҳодшударо ба хизмати содиқона ва матонату шуҷоат дар иҷрои вазифаҳои худ ҳидоят кардааст"
XS
SM
MD
LG