Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ошиқон дар Душанбе дар Рӯзи Валентин бо нархҳои баланди гул ва тӯҳфаҳо рӯбарӯ шуданд. Дар ҳоле ки як дона садбарги сурх – рамзи ишқ, пештар 11 сомонӣ буд, акнун ба 25 сомонӣ фурӯхта мешуд. Нархи гулдастаҳо дар ду рӯзи охир то 3 баробар бештар шуда, то 450 - 500 сомонӣ расидааст.

Бо вуҷуди ин ҷавонон ин гулдастаҳоро мехаранд ва бозори гул гарм аст. Гоҳе барои беҳтарин гулдаста кашокаш ҳам рӯй медиҳад. Баъзе аз ҷавонон мегӯянд, андоза ва нархи гулдаста баёнгари дараҷаи ишқу садоқати онҳо ба маҳбуба ё ҳамсаронашон аст.

Муслиҳиддини Абдураҳмон, як ҷавон, ки барои дӯстдухтараш ба 370 сомонӣ бастаи сандбаргҳои сафедро харид, мегӯяд, ӯ донишҷӯст, аммо тавонист, барои шод кардани духтари дӯстдоштааш аз падару модар маблағи заруриро «рӯёнад». Муслиҳиддин меафзояд, ӯ ва духтари дӯстдоштааш се сол инҷониб Рӯзи Валентинро ҷашн мегиранд: «Ман ин ҳамаро танҳо ба хотири хушбахтии ӯ ва хушҳолияш мекунам, на чизи дигар. Аз вай бароям танҳо шунидани «дӯстат медорам» басанда аст. Дигар ҳеҷ чиз намехоҳам.»

Дар Рӯзи Валентин дар назди гулфурӯшиҳо даҳҳо ҷавонеро дидан мумкин буд, ки бо фурӯшандаҳо сари нарх баҳс мекарданд ва бархе аз аз онҳо асабонӣ ҳам мешуд. Як гурӯҳи шашнафараи ҷавонон, ки тақрибан ба назди 9 нафар аз гулфурӯшон рафтанд, боз ҳам гулҳои арзонтар пайдо карда натавонистанд. Яке аз онҳо, ки худро Баҳром муаррифӣ кард, мегӯяд, акнун то гузаштани 8-март дигар нарху навои бозорҳо поин намеравад ва ба қавле ба савдогарҳо Худо додааст.

Баҳром мегӯяд, вай мақсад дошт, ба дӯстдухтараш 21 садбарги сафед тӯҳфа кунад, аммо ҳоло мебинад, ки ба ин қасд расиданаш амрест муҳол. Зеро гулдастае, ки вай харидан мехоҳад, 570 сомонист: «Намедонам барои чӣ ин савдогарҳои мо ин қадар беинсофанд. Арӯсшавандаам, ки 21-сола аст ва садбарги сафедро дӯст медорад хостам, барояш «сюрприз» кунам, аммо бо ин нарх дармондаам.»

Аммо худи гулфурӯшон афзоиши нархро на ба Рӯзи Валентин, балки фасли сармо пайванд медиҳанд ва мегӯянд, дар ин фасл худи гул каму нархаш зиёд мешавад. Гулфурӯш Мавлон Аҳмадов дастае бо 7 дона садбарги ҳолландиро 170 сомонӣ гуфт. Арзонтарин гулдастаи ӯ 130 сомонист ва ӯ мегӯяд, нархҳо ҳанӯз дар моҳи декабр боло рафта буданд: «Баъди он ки зимистон шурӯъ мешавад ва дар Тоҷикистон парвариши гулҳо тақрибан қатъ мегардад, гароншавии арзиши гулҳо дида мешавад. Ворид кардани гулҳои ҳолландӣ бошад аз моҳи декабр шурӯъ мешавад. Вақте гулро аз Ҳолланд меоранд, албатта, арзишаш гарон меафтад.»

Ҷавонон дар ин рӯз безобита, аммо духтарон хандону шукуфон ба назар мерасиданд. Онҳо аз боло рафтани арзиши гулу дигар тӯҳфаҳо парвое надоштанд. Нигори Шоҳмурод мегӯяд: «Албатта, боло рафтани нарху наво дар рӯзҳои ид хуб нест, аммо фикр мекунам, агар писар дӯстат дорад, бо кадом арзише набошад тӯҳфа харида, дӯстдоштаашро хушҳол мекунад.»

Аммо барои бахши бузургтаре аз мардум ин рӯз ва гаронии нархи гул арзише надорад. Саодат, як ҷавондухтар дар сӯҳбати сарироҳии мо гуфт, аслан ин рӯзро хуш надорад, аммо на ба он хотир, ки ин рӯзро чун ид қабул надорад, балки бо сабаби ҷудо шуданаш аз ҷавони дӯстдоштааш: «Албатта ҳамеша тӯҳфаро интизор ҳастам. Аммо дар ин рӯз медонам дигар касе ба ман тӯҳфа намеорад. Зеро дӯстписар надорам.»

Рӯзи ошиқон ё Валентинро тоҷикон дар ҳоле ид мекунанд, ки ба қавли Маркази иҷтимоии "Зеркало", танҳо 30 дарсади аҳолӣ онро қабул доранд. Аксарияти онҳоро бонувон ташкил медиҳанд. Ин назархоҳӣ чанде пеш дар миёни 1000 нафар аз намояндагони касбу кори гуногун дар ҳамаи манотиқи кишвар баргузор гаштааст.

Назари ҷавонони тоҷик дар Рӯзи Валентин.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG