Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Олмон пешқадами Олимпиадаи Сочи шуд


Дар Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ дар Сочи аз рӯи натиҷагирии панҷ рӯзи мусобиқот дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти сифати медалҳо мунтахаби Олмон ба ҷойи аввал баромад.

Варзишгарони Олмон дар ин муддат ҳамагӣ 8 медал - шаш нишони тилло, як нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд. Мунтахаби Канада бо касби 10 медал - чор тилло, чор нуқра ва ду биринҷӣ - дар мақоми дувум аст. Варзишгарони Норвегия бо касби 12 медал - чор нишони тилло, се нуқра ва панҷ биринҷӣ дар мақоми севуманд. Тими Ҳолланд бо касби 10 медал (чор тилло, ду нуқра ва чор биринҷӣ) дар мақоми чорум мебошад. Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 9 медал (се нишони тилло, як нуқра ва панҷ биринҷӣ) мақоми панҷумро азони худ кардааст.
Дастаи Русия - мизбони бозиҳо - то кунун 9 медал (ду тилло, чор нуқра ва се биринҷӣ) дорад ва дар мақоми 7-ум қарор гирифтааст.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 24 кишвар медалҳои Олимпиадаи Сочиро ба даст овардаанд ва намояндагони 14 кишвар ба унвони қаҳрамони Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ мушарраф шудаанд.

Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ то ҳоло Русия (2 тилло, 4 нуқра ва 3 биринҷӣ), Беларус (як тилло), Латвия (як биринҷӣ) ва Украина (як биринҷӣ) ба даст овардаанд.

Ҷой Кишварҳо Тилло Нуқра Биринҷӣ Ҳамагӣ
1 Олмон 6 1 1 8
2 Канада 4 4 2 10
3 Норвегия 4 3 5 12
4 Ҳолланд 4 2 4 10
5 ИМА 3 1 5 9
6 Швейтсария 3 0 1 4
7 Русия 2 4 3 9
8 Австрия 1 4 0 5
9 Словения 1 1 2 4
10 Фаронса 1 0 2 3
11 Беларус 1 0 0 1
11 Корея 1 0 0 1
11 Лаҳистон 1 0 0 1
11 Словакия 1 0 0 1
15 Шветсия 0 3 1 4
16 Ҷумҳурии Чех 0 2 1 3
16
18
19
19
19
22

22
22
Ҷопон
Италия
Австралия
Чин
Финляндия
Британияи Кабир
Латвия
Украина
0
0
0
0
0

0
0
0
2
1
1
1
1

0
0
0
1
1
0
0
0

1
1
1
3
2
1
1
1

1
1
1

Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Сочи то 23-юми феврал идома меёбанд. Дар ин бозиҳо беш аз 2800 варзишгар аз 88 кишвар ширкат доранд. Ба барномаи бозиҳо 15 намуд дохиланд: биатлон, бобслей, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, лижаронии дуҳарба, пойгаи лижатозӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин, варзиши чанатозӣ, скелетон, дави босуръат бо конки, сноуборд, рақси рӯи ях бо конки, фристайл, хоккейи рӯи ях ва шорт-трек.

Дар Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ дар Сочи танҳо як варзишгари тоҷик - Алишер Қудратов - дар мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом, ки рӯзи 22-юми феврал, соати 17:45 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад, ширкат мекунад.
Имрӯз, 13-уми феврал, дар Олимпиадаи Сочи варзишгарон барои шаш маҷмӯи медалҳо дар биатлон, конкитозӣ, пойгаи лижаронӣ, варзиши чанатозӣ, фристайл ва шот-трек мубориза мебаранд

Рӯзи панҷшанбе, инчунин, сабқати гурӯҳӣ оид ба хоккей баргузор мешавад:

12:00 Мардон. Гурӯҳи B. Финляндия – Австрия
12:00 Занон. Гурӯҳи В. Ҷопон – Олмон
16:30 Мардон. Гурӯҳи A. Русия – Словения
16:30 Мардон. Гурӯҳи A. Словакия – ИМА
21:00 Мардон. Гурӯҳи B. Канада – Норвегия
21:00

Эзоҳ:
Занон. Гурӯҳи В. Шветсия – Русия

замони оғози бозиҳо ба вақти Маскав аст.
XS
SM
MD
LG