Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вошингтон ва Сеул ба машқҳои муштарак омодагӣ мегиранд


ИМА ва Кореяи Ҷанубӣ эълом доштанд, ки аз 24 феврал то 18 апрел тамринҳои муштараки низомиии ҳарсоларо доир хоҳанд кард. Дар изҳороти якҷояи ҳайатҳои фармондеҳии ду кишвар, ки рӯзи душанбе нашр шуд, омадааст, мақомоти Кореяи Шимолӣ дар бораи ин тамринҳо дар ҷараён гузошта шудаанд.

Аз ин пеш Пхенян барои лағви ин машқҳои низомӣ даъват карда, ҳушдор дода буд, ки ин чорабинӣ ба раванди ба ҳам пайвастани хонаводаҳои замони ҷанг дар нимҷазираи Корея ҷудошуда монеъа эҷод хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол вазорати умури хориҷии Амрико тайид намуд, ки Ҷумҳурии Халқӣ-демократии Корея, бори дуввум дархости таҳияи даъватнома барои вориди кишвар шудани фиристодаи вижаи ИМА-ро рад кардааст. Дипломати амрикоӣ дар Пхенян бояд мавзӯи имкони раҳоии шаҳрванди ИМА Кеннет Бейро баррасӣ мекард. Кеннет Бей дар Кореяи Шимолӣ бо иттиҳоми ширкат дар тавтеъаи зиддидавлатӣ ба 15 сол корҳои иҷборӣ дар лагерҳои меҳнатӣ маҳкум шудааст.
XS
SM
MD
LG