Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмакҳои башарӣ ба шаҳри Ҳумс нарасид


Талоши ирсоли кӯмакҳои башарӣ ба шаҳри ҷангзадаи Ҳумси Сурия рӯзи шанбе бенатиҷа анҷом ёфтааст. Ду мошини боркаши ҳомили маводи ғизоӣ ва доруворӣ дар роҳ ба сӯи ин шаҳр ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд ва маҷбур шуданд, ки аз нимароҳ баргарданд. Дар ин ҳодиса чаҳор маъмури беҳдоштӣ маҷрӯҳ шуданд ва созиши оташбас, ки ба сахтӣ миёни ду тараф ба даст омад, зери суол қарор гирифт. Шӯришиёни Сурия, ки Ҳумсро дар даст доранд, мегӯянд, ки ҳамла кори дасти нерӯҳои ҳукуматӣ будааст, аммо давлати Сурия баръакс шӯришиёнро муттаҳам кард. Ба гуфтаи телевизиони давлатии Сурия, табибони маҷрӯҳшуда кормандони созмони Салиби Сурхи кишвар будаанд.
XS
SM
MD
LG