Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нуланд иддаъои давлати Русияро рад кард


Як мақоми баландояи Амрико, иддаъои давлати Русияро рад кард, ки мегӯяд, тазоҳургарони тундрав дар Украина дар сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Киев тамрин мегиранд. Виктория Нуланд, муовини вазири умури хориҷии Амрико, ҳамчунин гуфт, кишвараш ва ҷомеаи байналмилалӣ омода ҳастанд, ба Украина кӯмаки бештар расонанд, ба шарте, ки раҳбарони ин кишвар ислоҳоти демократиро суръат бахшида ва ба қавли ӯ “ҳукумати миллиеро” таъсис диҳанд, ки ба мухолифати ҳозираи мақомот ва тазоҳургарони зиддиҳукуматӣ хотима диҳад. Виктория Нуланд дар ин бора рӯзи ҷумъа дар шаҳри Киев сӯҳбат кард ва як рӯз баъд аз онки сабти дашноми ӯ ба Иттиҳодияи Аврупо дар Интернет нашр шуд. Вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, ки Виктория Нуланд барои истифодаи лафзи қабеҳ аз Иттиҳодияи Аврупо узр хостааст. Ангела Меркел садри аъзами Олмон, як қудрати аслии Иттиҳодияи Аврупо, рафтори дипломати амрикоиро “комилан ғайриқобилиқабул” хонд.
XS
SM
MD
LG