Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Заррина шӯ дорад, обрӯ дорад?”


Нишасти занони соҳибкори Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.
Нишасти занони соҳибкори Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.

Заррина, сокини як шаҳраки вилояти Хатлон, мегӯяд, ки масъулин аснодаш барои ишғоли мақоми маҳаллиро баргардониданд.

Ӯ дар як сӯҳбат бо мо гуфт, ки маълумоти олӣ ва таҷрибаи кофии кор дорад, шаҳрванди Тоҷикистон ва узви ҳизби Халқӣ-демократист, яъне ҳам “биографияву ҳам география ва “партографияш” барои ишғоли мақоми маҳаллӣ мувофиқ буд. Вале, шӯхиомез меафзояд Заррина, ба ҳукумати ноҳия “демографияаш” маъқул нашудааст – масъулин ишора кардаанд, ки довталаб то ҳол оила бунёд накардааст ва ин “минуси бузург” аст. “Яъне, “Заррина шӯ дорад, обрӯ дорад”, мақоли маъруфи тоҷикиро тағйир дода мегӯяд ӯ. Зарина номи мустаори ҳамсӯҳбати мост – ӯ аз ифшои ному насаби аслияш худдорӣ кард, зеро умедвор аст, ки баъди шавҳар карданаш масъулини ҳукумати ноҳия худашон ба суроғаш меоянд.

Зарафо Раҳмонӣ, узви Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, тайид мекунад, ки дар вазъи феълии Тоҷикистон барои зани танҳо ва ё аз шавҳар талоқгирифта боло рафтан дар зинаҳои мансаб тақрибан ғайримумкин шудааст. Аз нигоҳи ӯ, ҳамон стреотипи шӯравии “оилаи солим” дубора бармегардад ва ҳоло фақат занҳоеро ба мақомҳои воло пешбарӣ мекунанд, ки шавҳару фарзанд доранд. Ақидаи маъмулӣ, аз нигоҳи хонум Раҳмонӣ, ин аст, ки хонуми дар оиладорӣ номуваффақ дар кораш ҳам комёб нахоҳад буд. “Меъёрҳои нонавиштае барои занҳо мавҷуданд, яке мансубият ба маҳал аст ва дигарӣ –
Зарафо Раҳмонӣ
Зарафо Раҳмонӣ
шавҳару фарзанд доштан. Албатта, узвият ба ҳизб ҳам хело муҳим аст ва мо борҳо гуфтем, ки на фақат бонувони аъзои ҳизби ҳукмрон, балки ҷонибдорони дигар ҳизбҳо ҳам бояд ба мақомҳои баланди ҳукуматӣ пешбарӣ шаванд”. Ба гуфтаи мусоҳибони мо, аслан дар ҷомеъаи Тоҷикистон занҳои танҳое, ки мехоҳанд мақоме дошта бошанд, рӯзи хуш надоранд. Иддае аз мансабдорон ба ин гуна занҳо бо чашми шаҳват менигаранд ва мақом гирифтани онҳоро бо ризояти ӯ барои “хушгузаронӣ” рабт медиҳанд.

Аммо Галия Рабиева, муовини раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки солҳо боз дар сохторҳои давлатӣ кор кардаст, мегӯяд, ҳангоми таъини занҳо ба ин ё он мақом ба оилаи солим доштани ӯ кам аҳамият медиҳанд. Ба гуфтаи ӯ, шояд қонуни нонавиштае дар ин бора бошад ва аммо ҳадаф аз он «шахси намунавӣ муаррифӣ кардани хонуми довталаб аст». «Ман чандин занро медонам, ки танҳоянд, аммо дар мансабҳои масъул кор мекунанд»,меафзояд Галия Рабиева. Муҳимтар аз ҳама, ба гуфтаи мусоҳиби мо, маълумоти оливу малакаи корӣ ва шаҳрванди Тоҷикистон будану забони давлатиро донистани ӯст. Дар Қонун оид ба хизмати давлатӣ ҳамчунин гуфта шудааст, ки баргузидан ба ин ё он мақом бидуни назардошти ҷинсият, диндорӣ ва ҳизбият сурат мегирад. Барои довталабони мансабҳои давлатӣ синну соли муайян муқаррар шудаст. Як шарти муҳим он ҳам ҳаст, ки номзад набояд доғи судӣ дошта бошанд.

Галина Рабиева, вакили парлумон.
Галина Рабиева, вакили парлумон.
Ба гуфтаи Галия Рабиева, замони шӯравӣ ҳама номзадҳо ба мансабҳои давлатиро аз рӯи садоқаташон ба Ҳизби коммунист интихоб мекарданд ва ӯ бояд ҳатман атеист мебуд, ки хушбахтона, имрӯз аз байн рафтаанд. Замони шӯравӣ барои қабули занҳо ба ҳизб ва тайини онҳо ба мансабҳои давлатӣ квота мавҷуд буд. Имрӯз ин гуна квота нест ва аммо занҳо чун пештара ба мақомҳои алоҳидаи давлатӣ таъин мешаванд. Як тафовути дигар, аз нигоҳи мусоҳиби мо ин аст, ки акнун духтарону занони ҷавон ҷасуртар шудаанд ва талаб мекунанд, ки ба онҳо вазифа диҳанд. «Ман ба қарибӣ дар ҷаласаи Итифоқи ҷавонон будам ва он ҷо духтарони зиёде аз ҷой хеста дархост намуданд, ки онҳоро барои кор дар ин иттиҳодияи ҷавонон ҷалб кунанд. Ин маро хело хурсад кард. Замони шӯравӣ ин гуна рафтор мансабталошӣ маҳсуб мешуд, он солҳо ба номзадҳо талқин мешуд, ки хоксор бошанд», мегӯяд Галия Рабиева.

Ба гуфтаи Зурафо Раҳмонӣ, тафовут миёни мардҳову занҳо дар соҳаҳои гуногун дар Тоҷикистон бузург боқӣ мемонад ва бонувони тоҷик дар ҳаёти сиёсии кишвар ҷойгоҳ ва нақши муассир надоранд.

Шаҳло Акобирова, раиси созмони "Хома", қаблан дар як сӯҳбат бо мо талоши занҳоро барои пайдо кардани ҷойгоҳи худ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ нокофӣ хонда буд. Аз нигоҳи ӯ, “дар вазорату идораҳои Тоҷикистон бар пояи меъёрҳои байналмилалӣ талошҳое барои риояи таносуби ҷинсӣ ва аз тариқи озмун ишғол намудани ин ё он вазифаю мақом сурат мегирад ва аммо бо вуҷуди ин теъдоди мардҳо дар сохторҳои давлатӣ ба маротиб бештар аст.”

Аз нигоҳи Шаҳло Акобирова, занҳо солҳои беҳтарини худро барои оилаву тарбияи фарзандон сарф мекунанд ва замоне, ки барои дарёфти ҷойгоҳи худ дар ҷомеа меояд, мебинанд, ки аллакай он ҷойро мардҳо ишғол кардаанд. Ва аммо, ба гуфтаи ӯ, албатта, дар ҳама соҳа на ҷинсият, балки малакаву истеъдоду кордонии ӯ муҳим аст. Хонум Шаҳло таҷрибаи ҳукумати Гурҷистонро намуна меорад, ки дар ислоҳоти кадрӣ ба афроди шоиставу мутахассис, новобаста ба мансубияташон ба ин ё он ҷинс мақом дод. Интихоби кадрҳо, ба вижа, занҳо дар Тоҷикистон, ба гуфтаи мусоҳиби мо, ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад.

Шаҳло Акобирова
Шаҳло Акобирова
Аз нигоҳи мусоҳибони мо, ҳадди аққал дар се кишвари Осиёи Марказӣ – Узбакистон, Туркманистон ва Тоҷикистон онҳое соҳиби мансабҳои воло мешаванд, ки садоқати худро ба раҳбари давлат собит кардаанд. Амонмурод Бугаев, адиби туркмани сокини шаҳри Ашқобод, мегӯяд, ки дар Туркманистон ҳангоми пазируфтани занҳо ба ин ё он мақом, албатта, маълумоти олӣ ва таҷрибаи кор доштани ӯ ҳам ба инобат гирифта мешавад, аммо талаботи муҳимтар аз ҳама – садоқати бепоён ба раисиҷумҳур аст. Бар пояи дастури раисиҷумҳури Туркманистон, 30 дар сади мансабҳои давлатӣ ва курсиҳои парлумон дар ихтиёри занон қарор дода шудаанд, ҳамчунин дар ҳама вилоятҳову ноҳияҳо бояд яке аз муовинҳои раис ҳатман зан бошад. Вале, меафзояд Амонмурод Бугаев, агар миёни онҳо занҳои танҳо бошанд ҳам, ҳатман ангуштшуморанд.

Гуфта мешавад, ки занҳои танҳо ё талоқгирифта дар мансабҳои волои Узбакистон ҳам нестанд, истисно шояд Гулнора Каримова, духтари бузурги раисиҷумҳур Ислом Каримов бошад, ки баъди талоқ дар мансабҳои волои дипломатӣ кор кардааст. Аммо дар Қирғизистон занҳои танҳо ҳангоми қабул ба кор бартарӣ доранд, зеро, аз нигоҳи мақомот, бештари вақти худро барои кор сарф мекунанд ва ба рухсатии ҳомиладорӣ намераванд. Дар Қирғизистон се зан - ,Комила Талиева дар мақоми муовини нахуствазир, Олга Лаврова дар маснади вазири молия ва Динара Сагимбоева ба ҳайси вазири ҳифзи сиҳат фаъолият доранд. Аммо дар бораи соҳиби оила будан ё набудани онҳо иттилоъ дода нашудааст.

Дар кобинаи вазирони Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборова мақоми муовини нахуствазирро дорад ва Сумангул Тағоева дар курсии вазири кор, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират нишастааст ва Махфират Хидирова раҳбари Кумитаи кор бо занон ва оиларо бар ӯҳда дорад. Ҳамаи онҳо соҳиби оилаанд. Аз 62 узви Маҷлиси намояндагон 9 нафарашон занонанд. Ҳамчунин 5 зан ба узви Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, баргузида шудаанд.

Айни ҳол бештари созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистонро бонувон сарварӣ мекунанд, вале дар сохторҳои давлатӣ теъдоди намояндагони “ҷинси латиф” ночиз аст. Ба гуфтаи мусоҳибони мо, дар ҳайати мудирияти ширкатҳои бузурги Тоҷикистон ҳам занҳо ангуштшуморанд ва волотарин мақом барои онҳо, раиси дафтари матбуот аст.
XS
SM
MD
LG