Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Равшан» дар сабқати гурӯҳии Ҷоми АФК ширкат мекунад


Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб баъди ғалаба бар тими “Ал-Ярмук”-и Яман бо ҳисоби 2-1 ба давраи гурӯҳии Ҷоми АФК-2014 роҳ ёфт.

Ёдовар мешавем, ки бозии қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон – «Равшан» дар плей-оффи Ҷоми АФК (Конфедератсияи футболи Осиё)-2014 бо тими «Ал-Ярмук Ал-Равза», қаҳрамони секаратаи Яман, рӯзи 2-юми феврал дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд. Бо вуҷуди ҳавои сарду барфӣ барои тамошои ин бозӣ дар варзишгоҳ 5 ҳазор мухлис ҷамъ шуданд.

Ҳарсе гол дар нимаи дувуми бозӣ зада шуд. Муҳаммад Абдуллоҳ Ал Обидӣ, ҳамлагари яманиҳо, дар дақиқаи 62-юм ҳисобро боз кард. Нӯъмонҷон Ҳакимов, ҳамлагари «Равшан», дар дақиқаи 81-ум аз пеналтӣ ҳисобро баробар намуд. Голи дувум ва ҳалкунандаи «Равшан»-ро Соломон Течи, легионери африқоӣ аз Гана, дар дақиқаи 85-ум ба ҳадаф расонд.

Ҳайати дастаиРавшан”: Рустам Ризоев, Далерҷон Тухтасунов (капитан), Содиқ Мӯсо, Алексей Неъматов, Ҳасан Рустамов, Бахтиёр Ҳасанов, Сайриддин Ғаффоров, Абдусамад Ҳоҷибоев (Нуъмонҷон Ҳакимов, 78), Ҳикматулло Расулов, Давронҷон Тухтасунов (Муҳаммадҷони Ҳасан, 71), Соломон Течи (Фаридун Рустамов, 90+2).

Ҳайати дастаиАл Ярмук”: Марван Бесбас, Иброҳим Геҳамаҳ (капитан), Абдулмуин, Анвар Усомаҳ (Мурод Мусалҳ, 88), Абдулвосеъ Ал Моторӣ, Муртала Ал Ҳасан (Аҳмад Набил Назая, 89), Аҳмад Алӣ Ал Ҳифӣ, Муҳаммад Исом, Муҳаммад Абдуллоҳ, Алекс Нвезе, Солеҳ Умар Муҳаммад.

Голҳо: Муҳаммад Абдуллоҳ Ал Обидӣ, 62 (0:1). Нуъмонҷон Ҳакимов, 81 – аз пеналтӣ (1:1). Соломон Течи, 85 (2:1).
Огоҳонида шуданд: Бахтиёр Ҳасанов, 8, Мӯсо Содиқ, 37, Далерҷон Тухтасунов, 57.
Аз майдон хориҷ шуд: Иброҳим Геҳамаҳ, 80.

Сардовар: Моҳд Амирулизвон Бин Ёқуб (Малайзия).

Баъди анҷоми бозии «Равшан» бо «Ал Ярмук» шоми 2-юми феврал нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Дар ин нишаст Ғайраталӣ Мираҳмадов, сармураббии дастаи «Равшан», ба хабарнигорон гуфт, «ман мехостам ба бозигаронамон барои бозии зебо, инчунин, ба мухлисонамон барои дастгириашон ташаккур бигӯям. Ман аз номи тамоми аъзои даста ба кормандони варзишгоҳ ва ҳамаи онҳое, ки дар чунин вазъияти мушкили обу ҳаво майдонро барои гузаронидани ин бозӣ омода карданд, изҳори сипос менамоям. Лаҳзаи калидии бозӣ аз майдон хориҷ кардани ҳимоятгари меҳмонон буд, ки тӯбро дар ҷаримагоҳ бо даст баргардонд ва Нӯъмонҷон Ҳакимов онро аз пеналтӣ ба ҳадаф расонд. Чунин меҳисобам, ки бозигарони ҳамдастаҳояшонро ивазнамуда хеле хуб бозӣ карданд ва дар ғалабаи дастааамон саҳми муносиб гузоштанд.»


«Равшан» акнун дар марҳалаи гурӯҳии мусобиқоти Ҷоми АFC-2014 дар гурӯҳи «А» бо «Сувайк» ё «Саҳом»-и Умон, «Зат Рас»-и Урдун ва «Сафо»-и Лубнон бозӣ хоҳад кард. Сабқати гурӯҳии Ҷоми АFC-2014 рӯзи 25-уми феврал оғоз меёбад. «Равшан» нахустин бозиашро дар меҳмонӣ дар Умон анҷом медиҳад. Дар даври дувум «Равшан» дар майдони худ 11-уми март бо «Сафо» рақобат мекунад.

Бояд тазаккур дод, ки “Равшан” барои дувумин бор дар Ҷоми АФК ширкат меварзад. Соли гузашта “Равшан” дар сабқати гурӯҳи “D” ҳамаи 6 бозиро бохт ва бидуни имтиёз (таносуби тӯбҳояш - 2-17) дар зинаи охирин - 4-ум ҷойгир шуд. Натоиҷи бозиҳои “Равшан” бо “Ал-Рамза” (Урдун) - 0:1, 0:5, “Ал-Шорта” (Сурия) – 0:2, 1:3, “Ал-Қудсия” (Кувайт) – 0:3, 1:3. Дар ин гурӯҳ тими “Ал-Қудсия” бо 13 имтиёз мақоми аввалро касб карда, ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфта буд.


Ба ҷуз бозии «Равшан» - «Ал-Ярмук», рӯзи 2-юми феврал дар бозии дигари интихобӣ “Ал-Зария»-и Фаластин дар майдони худ аз қаҳрамони Қирғизистон – дастаи «Олой»-и Ӯш аз рӯи пеналтӣ бо ҳисоби 7-8 (замони асосӣ ва иловагӣ – 1-1) шикаст хӯрд. Ва акнун рақибони «Олой» дар давраи гурӯҳии Ҷоми АФК дар гурӯҳи «D» «Шабоб Ал-Урдун» ё «Ал-Ваҳдат»-и Урдун, «Риффа»-и Баҳрайн ва «Эрбил»-и Ироқ мешаванд.

Давраи гурӯҳии Ҷоми AFC-2014:

Минтақаи «Ғарб»
Гурӯҳи «А»: «Сувайк» ё «Саҳом» (Умон), «Зат Рас» (Урдун), «Сафо» (Лубнон), «Равшан» (Тоҷикистон).
Гурӯҳи «В»: КВ «Кувайт» ё «Ал-Арабӣ» (Кувайт), «Фанҷа» (Умон), «Ал-Ҷайш» (Сурия), «Неҷмеҳ» (Лубнон).
Гурӯҳи «С»: «Ал-Ҳидд» ё «Манама» (Баҳрайн), «Ал-Қадсия» ё «Ал-Наср» (Кувайт), «Ал-Шорта» ё «Эйр Форс» (Ироқ), «Ал-Ваҳда» (Сурия).
Гурӯҳи «D»: «Шабоб Ал-Урдун» ё «Ал-Ваҳдат» (Урдун), «Риффа» (Баҳрайн), «Олой» (Қирғизистон), «Эрбил» (Ироқ).

Минтақаи «Шарқ»
Гурӯҳи «Е»: «Персипура Ҷаяпура» (Индонезия), «Хоум Юнайтед» (Сингапур), «Ню Радиант» (Молдив), «Черчил Бразерс» (Ҳиндустон).
Гурӯҳи «F»: «ТТ Хайно» ё «СХБ Дананг» (Вйетнам), «Арема Индонезия» (Индонезия), «Селангор» (Малайзия), «Мазия СР»(Молдив).
Гурӯҳи «G»: «Янгон Юнайтед» (Мянмар), «Виссаи Нинбин» (Вйетнам),«Саут Чайна» (Ҳонконг), «Келантан» (Малайзия).
Гурӯҳи «H»: «Тампинес Роверс» ё «Балестиер Халса» (Сингапур), «Най Пий Тав» (Мянмар), «Пуне» ё «Ист Бенгал» (Ҳиндустон), «Китчӣ» (Ҳонконг).

Тақвими бозиҳои гурӯҳи «А»:

Даври 1-ум
25-юми феврал (сешанбе)
«Сувайк»/«Саҳом» (Умон) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Сафо» (Лубнон) - «Зат Рас» (Урдун)
Даври 2-юм
11-уми март (сешанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Сафо»(Лубнон)
«Зат Рас» (Урдун) - «Сувайк»/«Саҳом» (Умон)
Даври 3-юм
18-уми март (сешанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Зат Рас» (Урдун)
«Сувайк»/«Саҳом» (Умон) - «Сафо» (Лубнон)
Даври 4-ум
2-юми апрел (чоршанбе)
«Зат Рас» (Урдун) - «Равшан» (Тоҷикистон
«Сафо» (Лубнон) - «Сувайк»/«Саҳом» (Умон)
Даври 5-ум
9-уми апрел (чоршанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Сувайк»/«Саҳом» (Умон)
«Зат Рас» (Урдун) - «Сафо» (Лубнон)
Даври 6-ум
23-юми апрел (чоршанбе)
«Сафо» (Лубнон) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Сувайк»/«Саҳом» (Умон) - «Зат Рас» (Урдун)

Маъруф Рустамов
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:46 0:00
Линки мустақим


Маъруф Рустамов, мураббии калони тими «Равшан», рӯзи 3-юми феврал дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ дар бораи бозии дирӯзаи дастааш бо «Ал Ярмук» чунин гуфт: «Мо ба ин бозӣ ҳамагӣ 10-12 рӯз омодагӣ дида будем ва ба номусоидии обу ҳаво нигоҳ накарда, бачаҳо хуб бозӣ карданд. Мо вазифаи дар назди даста гузоштаро иҷро карда, ба давраи гурӯҳии Ҷоми АФК роҳхат гирифтем. Бачаҳо се-чор рӯз дам мегиранд. Баъдан машқҳои худро идома медиҳем ва ба бозии нахустинамон дар Ҷоми АФК бо дастаи «Сувайк» ё «Саҳом»-и Умон, ки 25-уми феврал дар сафар барпо мегардад, тайёрӣ мебинем. Мо мехоҳем, ки дар бозиҳои Ҷоми АФК хуб бозӣ карда, хотири мухлисонамонро шод гардонем. Имрӯз мо бо сарпарастони худ вомехӯрем. Онҳо ба мо гуфтанд, ки мушкилоти моро ҳал мекунанд ва имсол ҳам моро дастгирӣ менамоянд. Сарпарасти кулли мо бозори «Ҳоҷӣ Шариф» мебошад. Инчунин мо аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хоҳиш кардем, ки ба мо барои даъвати як легионер аз Гана иҷозат бидиҳад. Зеро ки легионери африқоии мо Гершон Аккуфо лат хӯрдааст ва ба гумон аст, ки дар бозиҳои ояндаи мо иштирок карда тавонад.»
XS
SM
MD
LG